РӮЗИ ДОНИШ БА АҲЛИ МАОРИФИ КИШВАР МУБОРАК!

Субҳи 31.08.2026 аҳли устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо рӯҳияи болида ва ифтихор аз Истиқлоли давлатӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ бо аҳли маорифи мамлакатро дастаҷаъмона тамошо карданд.
Дарвоқеъ, маориф дар сиёсати Пешвои миллат ҳамчун соҳаи калидӣ боқӣ монда, ҷиҳати таълиму тарбияи нишонраси насли ҷавону ояндасоз ва омода намудани мутахассисони варзида ҷиддӣ таъкид намуданд.
Таваҷҷӯҳ ба бунёд ва рушди соҳаи муассисаҳои томактабӣ, беҳтар намудани сифати таҳсилот дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба маврид қайд намуда, барои ҳамқадами замони муосир ба роҳ мондани низоми маорифи кишвар талабот пеш гузоштанд.
Таваҷҷӯҳ ба таҳия ва муҳтавои китобҳои дарсӣ барои ҳама зинаҳои таҳсилот махсусан қайд гардида, дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон, истифодаи интернет ва телефонҳои мобилӣ ва технологияи муосир ва дигар самтҳое, ки боиси нигаронист низ дастурҳои муфид таъкид кардаанд.
Зиёд намудани таваҷҷӯҳи насли ҷавон ба китобу китобхонӣ, иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба масъулини соҳа дастурҳо доданд.
Дар ҳақиқат мулоқоти имсолаи Пешвои миллат ба аҳли маорифи кишвар роҳнамои муфиде дар замони печидаи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, месазад чун дастури корӣ аз ибтидои соли таҳсили имсола онро амалан татбиқгар бошем.
Соли нави таҳсил, Рӯзи Дониш ба аҳли маорифи кишвар ва насли наврас, ҷавону ояндасоз мубораку фархунда бошад!
Сано ба Пешвои муаззами миллат, Пешвои маорифпарвар!

Leave a Reply