ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ИШТИРОКЧИИ ДОНИШГОҲИ СҲШ

19 августи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии иштирокчии Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай (УШОС) баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ иштирок намуда, дар баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкориҳои донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Донишгоҳи СҲШ саҳм гузошт.
Ҷаласа ба баррасии вазъи кунунӣ ва самтҳои ояндадори фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон – иштирокчиёни шабакаи Донишгоҳи СҲШ, ҳамоҳангсозии омодасозии маводҳо барои қарорҳои Шурои ҳамоҳангсозии ДСҲШ ва масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳҳо бахшида шуд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи СҲШ дар давоми солҳои фаъолият, рушди барномаҳои муштараки таълимӣ, таҳкими мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон, густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар доираи дурнамои рушди Донишгоҳи СҲШ масъалаҳои рақамикунонии раванди таълим, баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии барномаҳои таълимӣ, тавсеаи самтҳои омодасозии мутахассисон ва рушди таҳқиқоти муштараки илмӣ ҳамчун самтҳои муҳими ҳамкориҳои минбаъда таъкид гардиданд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии иштирокчии Донишгоҳи СҲШ рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазирро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ медонад.
Ҷаласаи мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, рушди фазои ягонаи илмӣ-таълимӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ дар доираи Донишгоҳи СҲШ заминаи муҳим фароҳам овард.

Leave a Reply