03.10.2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ” ва ҳамзамон таҷлили Рӯзи касбии омӯзгор дар сатҳи баланд доир гардид.
Табрикоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи касбии омӯзгор аз ҷониби муовини ректор оид ба масъалаҳои байналмиллалӣ Икромӣ Х. И. ба саъми ҳозирин расонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки мо бояд кӯшиш намоем, ки забони тоҷикӣ дар баробари забони фарҳанг ва адабиёт, забони илм, технология, муҳандисӣ, иқтисод, ҳуқуқ, тиб, идоракунӣ ва навоварӣ низ бошад. Дар замони ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои хориҷӣ зарур аст. Аммо омӯзиши забонҳои дигар набояд ба маънои заиф гардидани мақоми забони модарӣ бошад. Баръакс, ҳар қадар ҷаҳонро бештар бишносем, бояд решаҳои миллии худро бештар эҳсос намоем. Донишҷӯи муосир бояд ҳам забони модариро амиқ донад ва ҳам барои муоширати илмӣ ва касбӣ забонҳои хориҷиро омӯзад.
Ҳамчунон, зикр карда шуд, ки омӯзгор дар шароити имрӯза бояд донишманд, муҳаққиқ, навовар, технологӣ, фарҳангӣ ва тарбиятгар бошад. Дар шароите, ки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бо суръати бесобиқа рушд мекунанд, вазифаи омӯзгор боз ҳам муҳимтар мешавад. Зеро, технология метавонад маълумот пешниҳод кунад, аммо инсонро бояд омӯзгор ба тафаккур, масъулият, ахлоқ, интихоби дуруст ва эҷодкорӣ роҳнамоӣ намояд.
Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи номгузорӣ ва танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Диловар бо таҳлил баромад намуданд.
Чун анъана дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти донишгоҳ ба як зумра устодон барои масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ, саҳми муносиб дар тарбияи мутахассисони соҳибкасб, иштироки фаъолона дар корҳои таълимӣ, тарбиявӣ, илмию инноватсионӣ ва байналмиллалии донишгоҳ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи касбии омӯзгор бо унвони “Аълочии маориф ва илми ҶТ” ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ, Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва Ифтихорномаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сарфароз гардонида, ҳамзамон бо туҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ карда шуд.
Дар охир аз ҷониби Ансабли тарона ва рақси “Зуҳал” барномаи хело рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид.

