Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба оғози соли нави таҳсил шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар рафти шанбегӣ кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ дар корҳои ободонӣ, тозакорӣ, кабудизоркунӣ, нигоҳубини майдонҳои сабз ва ба тартиб даровардани ҳудуди донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи биноҳои таълимӣ, роҳравҳо ва дигар қитъаҳои ҳудудӣ тоза ва обод карда шуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ ва омодасозии донишгоҳ ба соли нави таҳсил корҳои зарурии санитарӣ, ободонӣ ва беҳсозии намуди зоҳирии ҳудуди донишгоҳ ба анҷом расонида шуданд. Шанбегӣ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ баргузор гардида, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии муассисаи таълимӣ мусоидат намуд.

