Имрӯз, санаи 17 ноябри соли 2025, дар доираи Нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Вазорати мудофиа ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонон, шиносоӣ бо шароити хизматии сарбозону афсарон ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар–Ватан, Рӯзи дарҳои кушод ва саёҳати донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент, Парчами миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қисми ҳарбии 10040-и Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Хизмати Модар–Ватанро аз дилу ҷон мекунем” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур беш аз 100 нафар донишҷӯёни курси 3-юм ва 4-уми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз шароити зисти афсарону сарбозон шиносоӣ пайдо намуда, рӯҳияи онҳо доир ба хизмати Ватан-модар боз ҳам беҳтару хубтар шуд.
Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, бедор намудани эҳсоси меҳанпарастӣ ва дар заминаи он ҷалб намудани ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан мебошад. Дар ҷараёни чорабинӣ ҷавонон аз шароити зиндагӣ ва буду боши сарбозон боздид намуда, ба онҳо руҳияи иловагӣ бахшиданд, ки ин омил онҳоро ҳавасманд сохт, то баъди хатми Донишгоҳ хизмати Модар-Ватанро бо ифтихор адо намоянд.
Чорабиниҳои мазкур то моҳи декабри соли равон дар 35 қисми низомии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои кор бо ҷавонон ва варзиш идома меёбанд.

