Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Конститутсия – роҳнамои фардои босаодат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, раёсат, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии худ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҳозиринро бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсоз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, асоси рушди ҷомеаи демократӣ ва давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад. Мавсуф изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва бо иродаи хастанопазир марҳила ба марҳила таҳрир, мукаммал ва қабул гардидааст, ки таҷассумгари ормонҳои миллӣ, адолат, баробарӣ ва волоияти қонун мебошад.
Ин санади олии ҳуқуқӣ, барои ҳар як шаҳрванд, хусусан ҷавонон, донишномаи зиндагии ҳуқуқбунёд, масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Маҳз татбиқи самараноки меъёрҳои Конститутсия аст, ки Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо — сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ рӯз аз рӯз ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаистодааст.
Дар конференсияи мазкур мушовири адлияи дараҷаи 1, Прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдуқодирзода Фаррух Комил бо баромади пурмуҳтаво ва ихтисосӣ перомуни ҷанбаҳои илмӣ-амалии Конститутсия, аз зумраи беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон пазируфта шудани онро бо далелҳо таҳлил карда, ба саъми ҳозирин расонид.
Прокурори ноҳия дар баромади худ аз таърихи ташаккул ва рушди конститутсияҳои ҷаҳонӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мундариҷаи амиқи ҳуқуқӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон пазируфта шудааст. Конститутсияи кишвари мо ҳамчун санади олии меъёрии ҳуқуқӣ, заминаи устувори рушди давлатдории миллӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шароити зиндагии арзандаро барои шаҳрвандони кишвар фароҳам овардааст.
Қобили қайд аст, ки пас аз суханронии расмӣ Прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдуқодирзода Фаррух Комил бо устодону донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ доир намуда, перомуни роҳ надодан ба зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистидошта, риояи волоияти қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ таъкиду маслиҳатҳои судманди ҳуқуқӣ доданд.
Дар идомаи чорабинӣ ва қисмати расмии конференсия таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат, субот ва пойдории давлат мебошад.
Дар анҷоми конференсия як зумра устодону кормандони фаъоли Донишгоҳ бо унвону медал ва ифтихорномаҳои соҳавӣ қадршиносӣ гардиданд, ки ин иқдом ҳамчун арҷгузорӣ ба меҳнати софдилона ва саҳми устодони ин даргоҳи илму маърифат дар пешбурди ҳаёти илмӣ ва ҷамъиятии донишгоҳ арзёбӣ шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ Ансамбли “Зуҳал”-и назди Донишгоҳ барномаи пурмазмунеро бо мазмуну оҳангҳои ватандӯстона ва шеъру сурудҳои марбут ба Рӯзи Конститутсия манзури ҳозирин гардонида, ба иштирокдорон рӯҳияи идона бахшид.

