СЕМИНАРИ ИЛМӢ Конститутсия-санади тақдирсози миллат

Дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ, бо иштироки устодону шогирдони Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзуи “Конститутсия-санади тақдирсози миллат” баргузор гардид. Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асомиддин Абдулмуъмин дар мавзуи “Конститутсия бахтномаи миллат” баромад намуда, зикр намуд, ки Конститутсия ҳамчун сарқонуни миллат тамоми ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандонро ҳимоя намуда, баҳри татбиқи ҳар моддаи он Ҳукумати кишвар тамоми шароитро фароҳам овардааст.
Ҳамзамон ин санади муҳим ба ҳуқуқу озодии зан-модар эҳтиром гузошта, баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар тамоми соҳаҳо шароити мусоидро роҳандозӣ намудааст. Масалан, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зиёда аз 40% занҳо дар вазифаҳои масъули факултаю кафедраҳоро ба уҳда доранд. Дар хобгоҳи Донишгоҳ бо духтарони тибқи квотаи Президенти Тоҷикистон таҳсилнамуда, суҳбату машваратҳо гузаронида, баҳри беҳтар намудани шароити зисти онҳо дар хобгоҳ роҳбарияти муассиса рӯз ба рӯз талош менамояд.
Дотсенти кафедра Раҷаббой Ҷӯразода дар мавзуи “Саҳми Конститутсия дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ” гузориши илмӣ намуда, таъкид намуд, ки маҳз тавассути ин санади тақдирсоз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвари мо ба вуҷуд омада, рӯз ба рӯз дар ҳимояи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон дар ҷомеаи мадании тоҷикон чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Имрӯз дар байни давлатҳои ҷаҳон кишвари мо дар таъмини озодии шаҳрвандон ва беҳтаршавии зиндагии мардум эътироф шудааст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи кишвар фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар баёни фикру андешаҳояшон озод мебошанд, зеро ин ҳуқуқ ба онҳо аз ҷониби санади мазкур муҳайё гардидааст.
Дар мавзуи “Конститутсия ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ” устоди кафедраи мазкур Равшанзода Муҳаммадисо суханронӣ намуда, қайд намуд, ҳар як моддаи ин санади муҳими сиёсӣ ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандвандро новобаста аз миллат, маҳал, дидгоҳи сиёсӣ кафолат медиҳад. Ба мо шаҳрвандон лозим аст, ки дар уҳдадорию вазифаҳое, ки Конститутсия барои мо муқаррар намудааст, бо масъулияти баланд муносибат намуда, баҳри истиқрори ҷомеаи озод ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бармеояд, саҳмгузорӣ намоем.
Семинари илмии мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, худшиносии миллӣ ва ҳусни тафоҳуми иштирокчиён ҷамъбаст гардид.