Озмоиши татбиқи як шакли нави таълим – Донишгоҳи кушода ва модулҳои таҳияшуда дар панҷ донишгоҳи аъзои консорсиум аз Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи Эрасмус+ Иттињоди Аврупо OFINU – Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ бомуваффақият идома дорад. Мо аз сатҳи баланди шавқу ҳавас ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва шунавандагони беруна – мутахассисони соҳаи саноати озуқаворӣ, ки дар татбиқи ин ташаббус иштирок доранд, қаноатманд ҳастем.
Бо дарназардошти он ки дар ҳар як донишгоҳ ду модул дар марҳилаи озмоиш қарор дорад, мо донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи саноати озуқавориро даъват менамоем, ки ба сомонаи лоиҳаи OFINU ворид шаванд: https://ofinu.eu/course/section.php?id=10 ва бо дигар модулҳои таълимӣ низ шинос шаванд. Модулҳо бо се забон – англисӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дастрасанд.
Дар маҷмӯъ, ҳафт модули таълимӣ таҳия ва пешниҳод шудаанд, ки ба густариши дониш ва малакаҳои амалии мутахассисон дар соҳаи саноати озуқаворӣ мусоидат менамоянд. Модулҳо самтҳои зеринро фаро мегиранд:
• №1 – Технологияи коркарди шир
• №2 – Технологияи коркарди гӯшт
• №3 – Технологияи коркарди мева ва сабзавот
• №4 – Технологияи маҳсулоти ғалладона
• №5 – Идоракунии бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ
• №6 – Таҳия ва инноватсияи маҳсулоти нави озуқаворӣ
• №7 – Интишори илмӣ (академӣ)
Ба хоҳишмандони омӯзиши модулҳои таълимии болозикр тавсия дода мешавад, ки бо ҳамоҳангсози донишгоҳи худ барои дарёфти маълумоти муфассал дар бораи имкониятҳои таҳсил ва талаботи қабул тамос гиранд.
Маълумоти иловагӣ оид ба шарикони лоиҳа дар пайванди зерин дастрас аст: https://ofinu.eu/course/view.php?id=2
Мо Шуморо ба таҳсил дар Донишгоҳи кушода даъват менамоем.
Донишгоҳи кушода манбаи боэътимоди дониш ва таҷрибаи амалиест, ки ба қобилият, ниёз ва усули зиндагии ҳар омӯзанда мутобиқ мегардад. Омӯзиш дар ин донишгоҳ имконият фароҳам меорад, то андешаҳои эҷодии худро ба воқеият табдил дода, ба дастовардҳо ва муваффақияти дилхоҳ ноил гардед.
Барои шиносоӣ бо маълумоти бештар дар бораи лоиҳаи OFINU, ҳадафҳо, шарикон ва имкониятҳои он, метавонед маълумотро бо забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ё ӯзбекӣ тавассути пайванди зерин дастрас намоед: https://ofinu.eu/course/view.php?id=2.

