Санаи 29 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар рушди адабиёти тоҷик» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Мавлоно табрику муборакбод гуфт ва дар бораи шахсияти бузурги ҷаҳони адаб — Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки осори гаронбаҳои Мавлоно, аз ҷумла «Маснавии маънавӣ», ҳамчун ганҷи бебаҳо садсолаҳо боз ҷомеаи башариро ба сӯи маърифат, худшиносӣ ва ваҳдати маънавӣ раҳнамун месозад.
Баъдан, номаи табрикотии Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ қироат гардид. Дар он бо ифтихор зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки омӯзиш ва ҳифзи мероси гаронбаҳои адибону орифони гузашта вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Зеро маҳз тавассути ин мерос мо метавонем пояҳои маънавӣ ва фарҳангии давлатдории миллиро таҳким бахшем. Баргузории чунин ҳамоишҳоаз он маншаъ гирифта, барои арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги адабу фарҳанг, таҳкими худшиносӣ ва тарбияи насли ҷавон аҳамияти муҳим доранд.
Дар ҷараёни конференсия муҳаққиқони барҷаста баромад намуданд. Аз ҷумла, Беҳрӯзи Забеҳулло – номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ АМИТ, дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Мавлоно дар адабиёти ҷаҳон» суханронӣ карда, таъкид намуд, ки Мавлоно бо андешаҳои ирфонӣ ва шеърияти баланд роҳи наве дар адабиёти тоҷику форс кушодааст. Ба андешаи ӯ, осори Мавлоно то имрӯз илҳомбахши муҳаққиқону донишмандон буда, ҳамчун дастури маънавӣ барои ҷомеа хидмат мекунад.
Сипас, Амирқулов Нуриддин – номзади илмҳои филология, устоди кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳ, дар мавзӯи «Андешаи муҳаққиқон дар бораи зодгоҳи Мавлоно» баромад намуд. Ӯ зикр кард, ки баҳси зодгоҳи Мавлоно яке аз мавзӯъҳои ҷолиб дар адабиётшиносӣ мебошад, аммо бо назардошти далелҳои таърихӣ ва манбаъҳои боэътимод, Балх зодгоҳи ҳақиқии ин шоири ҷаҳонӣ шуморида мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки конференсияи мазкур бо ҳадафи таҳкими худшиносӣ, омӯзиши мероси ғании гузаштагон ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои ҷаҳонии фарҳанг баргузор гардида, нақши муҳиме дар баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва эҳёи суннатҳои арзишманди илму адаб дорад.

