Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ибтикори раёсати донишгоҳ ва саҳми фаъоли устодону муҳаққиқон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ – поягузори назми тоҷику форс» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони раёсати донишгоҳ, олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни зиёд ширкат варзиданд.
Дар оғоз муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфта, сухани табрикотии ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалиро қироат намуда, доир ба аҳамияти бузурги таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ва нақши ӯ дар ташаккули тафаккури миллӣ андеша ронд. Таъкид гардид, ки Рӯдакӣ на танҳо сардафтари адабиёти тоҷику форс аст, балки шахсияти таърихиест, ки бо осори худ роҳи равшани худшиносиву худогоҳии мардумро ҳамвор сохтааст.
Сипас, доктори илмҳои филология, профессор Мирзо Солеҳ бо маърӯзаи илмӣ баромад намуда, симои эҷодии Рӯдакиро аз дидгоҳи илмӣ мавриди таҳлил қарор дод. Вай изҳор дошт, ки Рӯдакӣ бо сухани соддаву равон, бо табиати зиндаи шеърӣ ва бо тозагии фикрӣ тавонист сабку услуби навро дар адабиёти тоҷику форс поягузорӣ намояд. Ҳамчунин Мирзо Солеҳ бо овардани мисолҳо аз ашъори шоир нишон дод, ки Рӯдакӣ на танҳо шоир, балки мураббии маънавӣ ва омӯзгори ахлоқи инсонӣ низ будааст.
Баъдан, доктори илмҳои филология Одинаев Н.С. баромад карда, ба ҷанбаҳои илмӣ ва пажӯҳишии осори Рӯдакӣ ишора намуд. Ӯ таъкид кард, ки омӯзиш ва таҳқиқи осори Рӯдакӣ вазифаи насли имрӯзу ояндаи олимон аст, зеро мероси гаронбаҳои ӯ пояи аслии адабиёт ва фарҳанги миллии мо мебошад. Ӯ зикр намуд, ки аз Рӯдакӣ сарчашма гирифтани адабиёти асрҳои минбаъда як воқеияти таърихист ва бе донистани ӯ, таърихи пурраи адабиёти форсу тоҷикро дарк кардан ғайриимкон мебошад.
Дар идома мушовирон, устодон ва намояндагони раёсати донишгоҳ низ бо суханрониҳои пурмуҳтаво ширкаткунандагонро табрик гуфта, аҳамияти баргузории чунин ҳамоишҳоро дар баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон таъкид карданд.
Бояд зикр кард, ки конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ – поягузори назми тоҷику форс» нишон дод, ки эҳтиром ба мероси адабӣ ва фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмиву маънавии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ҷаҳонбинии илмӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд.

