March 2025

Month

Рӯзи 27.03.2025 вохурии сардори шуъбаи татбиқи стратегияҳои Донишгоҳ д.и.т., профессор Иброҳимов Х.И. ва сармутахассиси шуъба н.и.и., дотсент Ҳасанов А.Р. бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷуёни факултети иқтисодиёт ва молия оид ба татбиқи стратегияҳои кабулгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ профессор Иброҳимов Х.И. дар бораи мазмун ва мундариҷаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи...
Read More
Санаи 26 марти соли 2025 масъулини шуъбаи татбиқи стратегияҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ҳайати донишҷӯён ва омӯзгорони факултети технология ва дизайн оид ба амалишавии стратегияҳои давлатӣ дар самтҳои саноат, саноати сабук, зеҳни сунъӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар вохӯри оид ба моҳияти қабули стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, давраҳои татбиқи...
Read More
Гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ – Ғафоров Ф.М., сардори идораи татбиқи стратегияҳо ва технологияҳои инноватсионӣ – Ҷафаров А.С. ва муовини декан оид ба таълими факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ – Маликов Ф. дар нимаи дуюми моҳи марти соли 2025 дар семинар-машварати барномаи Erasmus+ дар доираи амалигардонии...
Read More
Санаи 20-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шералӣ Кабир, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқизода Завқӣ Амин, муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарону кормандони зерсохторҳои он чорабинии идона бо як шукӯҳу шаҳомати хоса...
Read More
Наврӯз- ҷашни хирадмеҳварӣ ва ҳикмату ҷаҳоншиносии ниёгон (чанд андешаи иҷмолӣ дар робита ба Ҷашни Наврӯз) Наврӯз мондаготарин ва кӯҳантарин ҷашни инсонист, ки дар тули таърихи дароз, новобаста аз ҳамагуна лашкаркашиву ғаддориҳое, ки дар сарзамини мо ба вуқуъ пайвастаанд, тавонистааст мондагор шавад ва шояд назираш бо ин тақадумият дар фарҳангҳои мардумони мухталифи ҷаҳон набошад. Назди ниёи...
Read More
Таманниёти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай Наврӯзи Ватан иди башар гашт, муборак, Тоҷе ба сару нури басар гашт, муборак! Омӯзгорон, командон ва донишҷӯёни азиз! Боиси ифтихор ва хушнудист, ки аксари кишварҳои олам 15 сол мешавад, ки пайи татбиқи Қарордоди Шӯрои 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз...
Read More
Имрӯз, санаи 19.03.2025 дар гулгашти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалии оламафрӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хосаи баҳорӣ ва бо анъанаҳои милли наврузӣ ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз мақомотҳои давлатӣ, Вазоарти саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳо, КИ ҲХДТ дар дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, устодону кормандон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок...
Read More
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ зимни сафари хизматии худ ба Донишгоҳи Неапол ба номи Федерикои II-и Ҷумҳурии Италия дар доираи амалигардонии лоиҳаи “CirculEс – Таҳияи барномаи таълимӣ ва модулҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор” дар як қатор чорабиниҳои лоиҳавӣ ширкат намуда, бо донишгоҳи номбурда шартномаи ҳамкории бисёрсамта ба имзо расониданд. Мақсади...
Read More
Ҳамасола бо мақсади огоҳи бештари хатмкунандагон бо ихтисосҳо ва роҳнамоии онҳо ба интихоби касб дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тадбирҳои иттилоотонӣ аз ҷумлаи баргузор гардидани «Рӯзи дарҳои кушод» бо иштироки шумораи васеи хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Ба ин васила имрӯз хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз имкониятҳо ва пойгоҳҳои...
Read More
1 2 3