ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

Имрӯз вохӯрии муовинони ректори Донишгоҳ Икромӣ Х.И., Ғафоров Ф.М. ва Яминзода З.А. бо директори Институти илмӣ-таҳқиқотии ҷумҳуриявии моликияти зеҳнӣ (Федератсияи Русия) Лопатин В.Н. доир гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба иҷрои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», вусъати ҳамкориҳои тарафайн, иштироки Донишгоҳ дар чорабиниҳои самти моликияти зеҳнӣ, оммавигардонӣ ва тиҷоратикунонии натичаҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, омодасозии кадрҳо ва такмили ихтисос, платформаҳои рақамӣ ва диг. баррасӣ гардиданд.
ДТТ, 30.04.2025