16.10.2026 дар хобгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дар доираи ҳамкориҳо бо роҳнамоиҳои ректори донишгоҳ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва иштироки намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни истиқоматкунанда вохӯрии судманду хотирмон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи масъалаҳои марбут ба татбиқи босамари Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии донишҷӯён, риояи тартиботи дохилии хобгоҳ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон буд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлату миллат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу зиндагӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин ғамхориҳо ҷавононро водор месозанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда донишҳои муосирро аз худ намуда, дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Қобили қайд аст, к ибо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои бевосита ва пайвастаи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар самти беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, фароҳам овардани муҳити мусоиди зист дар хобгоҳ, дастгирии донишҷӯён ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва варзишӣ аз ҷониби масъулин махсус таъкид гардид. Зикр шуд, ки роҳбарияти муассиса барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати таҳсилу зиндагии донишҷӯён ва тарбияи мутахассисони соҳибмаърифат пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба риояи қоидаҳои будубош дар хобгоҳ, нигоҳ доштани тозагӣ, эҳтироми ҳамдигар, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва ҳифзи моликияти донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Махсусан, ба масъалаҳои пешгирии терроризм ва экстремизм, шомил нагардидан ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд ҳушёриву зиракиро нигоҳ дошта, ҳар гуна иттилоотро бо тафаккури интиқодӣ арзёбӣ намоянд ва аз таъсири ғояҳои ифротӣ эмин бошанд. Донишҷӯён ба риояи тартиботи дохилии хобгоҳ, истифодаи самараноки вақти холӣ, таҳсили хубу аъло, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии муҳити донишгоҳ даъват карда шуданд.
Чунин вохӯриҳо дар заминаи ҳамкории сохторҳои масъул барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ва фароҳам овардани муҳити солиму созанда дар байни ҷавонон аҳаммияти муҳим доранд.


