ҚАДРШИНОСӢ БА МЕҲНАТИ САЗОВОР

16 октябри соли равон дар ҷамъбасти 9-моҳаи мушовари Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати сазовор, саҳмгузорӣ дар пешрафти фаъолияти муассиса, таълиму тарбияи назарраси насли ҷавону ояндасоз, омода кардани мутахассисони соҳаи саноати кишвар, ноил шудан ба дастовардҳо ва натиҷаҳои самарабахши фаъолияти меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар тантанаҳои ҷашни фархундаи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бо фармоиши Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ба мукофоти соҳавӣ – медали «Корманди фахрии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва СИПОСНОМАИ вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.
Аҳли коллективи донишгоҳ ин қадршиносии навбатии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабирро эҳтиромгузорӣ ба меҳнати садоқатмандона ва фидокоронаи роҳбари муассиса муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва сарҷаъмиву мутаҳидии коллективи донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи ҳадафи стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва Муассиси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон – Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда, дар соли тантанаҳои ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ тўҳфаи арзандаву арзишманд ба меҳнатӣ кормандони донишгоҳ медонанд.
Ин қадршиносиҳои муҳтарам Вазир масъулияти навро ба роҳбарият, коллективи устодону кормандон ва донишҷўёни ДТТ дар роҳи боз ҳам мақсадноку ҳадафрас ба роҳ мондани фаъолияти таълимию тарбиявии муассиса ва ба дастоварҳои нави меҳнатӣ ноил гардидан, вазифадору уҳдадор менамояд.
Дастоварди наву шоёни меҳнатӣ ба ректори ДТТ ва кулли устодону кормандон ва донишҷўёни донишгоҳи азизамон мубораку ҳумоюн бошад!

Leave a Reply