Вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо директори Маркази технологияҳои таълимии Шаньдун Тацзянь

25-уми сентябри соли 2026 дар доираи густариш ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо директори Маркази технологияҳои таълимии Шаньдун Тацзянь Ҷумҳурии Мардумии Чин Ши Юньҷун баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ва технологиро баррасӣ намуда, ба омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои техникӣ ва технологӣ, рушди робототехника ва зеҳни сунъӣ, густариши табодули академии омӯзгорон ва донишҷӯён, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, масъалаи ҷалби донишҷӯёни Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантураи PhD-и донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки рушди чунин ҳамкориҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорону донишҷӯён, табодули таҷриба ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи муосири байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Ректори донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. имкониятҳо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳро муаррифӣ намуда, пешниҳодҳои мушаххасро вобаста ба самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ироа намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, рушди ташаббусҳои инноватсионӣ ва фароҳам овардани замина барои таъсиси Маркази омӯзиши забони чинӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, инчунин ҷалби мутахассисони забондони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба фаъолияти он баён намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ бо мақсади ба роҳ мондан ва рушди ҳамкориҳои минбаъда байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Маркази технологияҳои таълимии Шаньдун Тацзянь шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Leave a Reply