ҒОЛИБИ «ИЛМ ФУРУҒИ МАЪРИФАТ»

Аҳли коллективи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз хушхабари дар номинаи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ»-и озмуни ҷумҳуриявии «Илм фуруғи маърифат», сазовори мақоми дуюм гардидани устоди донишгоҳ, сардори бахши мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон Назаров Шуҳратҷон Абдуғуломович хело шод гардиданд.
Ин дастоварди арзишмандро метавон самараи андешаи созанда ва талошҳои пайгиронаи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва заҳмати фаровону азму талошҳои фардии ғолиби озмуни мазкур – Назаров Ш. А. арзёбӣ намуд.
Зеро расидан ба қуллаҳои баланди маърифат роҳи осон нест, он аз инсон иродаи қавӣ, сабру таҳаммул, ҷустуҷӯйи пайваста ва бовар ба неруи ақлу хирадро тақозо мекунад.
Мавриди зикри хос аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо сарпарастӣ ва ибтикороти бевоситаи Пешвои муаззами миллат бо ҳадафи дарёфти истеъдод, арҷгузорӣ ба илму дониш, тақвияти тафаккури илмӣ ва бедор намудани завқи маърифатҷӯӣ дар ҷомеа аҳаммияти вижа дорад. Дар чунин майдони пурифтихор ба даст овардани ҷойи дуюм шаҳодат аз тавоноии зеҳнӣ, омодагии шоиста ва саъю кӯшиши арзандаи омӯзгори мо медиҳад.
Мо, ин пирӯзии фараҳбахшро ба донишгоҳи азизамон ва кулли омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни ин даргоҳ самимона муборакбод гуфта, ба Шуҳрат Назаров саломатии бардавом, қалби саршор аз илҳом, қадамҳои устувор дар роҳи дониш ва комёбиҳои боз ҳам бузургтарро орзумандем.

Leave a Reply