ТАШРИФИ МУШОВИРИ ТИҶОРАТӢ-ИҚТИСОДИИ ШОҲИГАРИИ БЕЛГИЯ ДАР ҶУМҲУРИҲОИ ҚАЗОҚИСТОН, ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН БА ДОНИШГОҲ

Рӯзи 12-уми майи соли 2025 мушовири тиҷоратӣ-иқтисодии Шоҳигарии Белгия дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон хонум Айжан Мусаканова бо мақсади баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва саноати хӯрокворӣ ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ мулоқот намуд. Дар мулоқот хонум Айжан Мусакановаро Консули ифтихории Шоҳигарии Белгия дар шаҳри Душанбе Азим Ҳакимов ҳамроҳӣ кард.
Зимни мулоқот Раҳмонзода З.Ф. ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ қадами муҳим дар тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судманд арзёбӣ намуда, онҳоро бо дастовардҳои таълимию илмӣ ва доираи васеи ҳамкориҳо бо созмону ташкилотҳои байналмилалии донишгоҳ ҷиҳати тадбиқи лоиҳаҳо, ба хусус дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва сабук шинос намуд.
Баъдан хонум Айжан Мусаканова ба роҳбарияти донишгоҳ оид ба ҳадаф ва самтҳои фаъолити Намояндагии тиҷоратӣ-иқтисодии Белгия дар Қазоқистон маълумоти мухтассар пешниҳод намуда, оид ба роҳҳои самарабахши ҳамкориҳо бо ширкатҳои содиротии Белгия дар хусуси воридоти ингредиентҳои хӯрокворӣ ба Тоҷикистон барои истифода дар истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ ва нушокиҳо ибрози ақида намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои устувор, ки барои омода намудани мутахассисони баланихтисос, интиқоли донишҳои пешқадам ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки саноати хӯрокворӣ равона шудаанд, изҳори андеша намуданд.
Инчунин, меҳмонон аз озмоишгоҳҳои илмии донишгоҳ дидан карданд.
Дар фаранҷоми вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмонон ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.