ОИЛА – ПОЙГОҲИ АСОСИИ ҶОМЕА

Ҳамасола, 15-уми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи муҳими таърихӣ ба ҳифз ва таҳкими арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани мақоми оила дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги оиладорӣ ва таҳкими худшиносиву ватандӯстӣ миёни насли наврасу ҷавон равона шудааст.
Бо ҳамин мақсад, имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ дар мавзуи “Оила-пойгоҳи асосии ҷомеа” бахшида ба ин рӯз баргузор гардид. Дар оғоз, муовини аввали ректор оид ба таълим ва сифати таҳсилот аз номи ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуда, суханони табрикотии гарму самимии роҳбарияти донишгоҳро ироа намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки: «Оила ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа буда, дар ташаккули ахлоқ, маънавиёт ва фарҳанги миллӣ нақши калидӣ мебозад. Тарбияи фарзанди солим, ватандӯст ва худогоҳ маҳз аз муҳити солими оилавӣ ибтидо мегирад. Мо бояд ба арзишҳои оилавии миллӣ арҷ гузорем ва онҳоро ба наслҳои оянда ҳамчун ганҷи бебаҳо мерос гузорем.»
Инчунин, аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, чунин иброз дошт: «Оила рукни муҳими ҷомеа ва маҳзани ахлоқу маънавиёт аст. Фарҳанги баланд ва муҳити солими оилавӣ кафили таълиму тарбияи насли сазовору бомаърифат маҳсуб меёбад.»
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродзода Ҷӯрабек дар мавзӯи “Нақши ҲХДТ дар таҳкими арзишҳои оилавӣ ва маънавиёт” суханронӣ намуда, зикр кард: «Оила на танҳо маҳалли зиндагии шахсӣ, балки пояи муҳими рушди давлат ва ҷомеа аст. Тарбияи фарзандони ватандӯсту худогоҳ, нигоҳдошти анъанаҳои миллӣ ва суннатҳои оиладорӣ маҳз дар муҳити оилавии солим сурат мегирад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши ҳимоя ва таҳкими ин арзишҳо қарор дорад.»
Дар идомаи чорабинӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳ Саъдуллоева Гулнора Рафиевна дар мавзӯи “Нақши оила дар пешгирии ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм” маъруза намуда, изҳор дошт: «Дар замони муосир, ки ҷаҳониёнро хатари терроризм ва экстремизм таҳдид мекунад, нақши оила дар тарбияи фарзандон бештар мегардад. Оила бояд сарчашмаи маърифат, муҳаббат ва масъулият бошад, то фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ ба воя расанд. Фарзандони тарбиядидаи оилаи солим ҳаргиз ба доми ифротгароӣ гирифтор намешаванд.»
Мавсуф ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳамкории зичи муассисаҳои таълимӣ бо оилаҳо метавонад ба рушди фикрии ҷавонон ва таҳкими суботи ҷомеа мусоидат намояд.
Дар қисми аввали чорабинӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар озмунҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намудаанд, бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Қисмати дуюми чорабинӣ бо барномаи фарҳангии ансамбли “Зуҳал” идома ёфт, ки дар он сурудҳои ватандӯстона, таронаҳо дар васфи падару модар, оила ва меҳри Ватан иҷро гардида, фазои идонаи толорро бо шодию фараҳ пур сохтанд.
Ин чорабинӣ бори дигар собит намуд, ки оила пояи давлат ва таҳкими он кафили суботи ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ мебошад. Арҷ гузоштан ба арзишҳои оилавӣ ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ва фарҳанги миллӣ — вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва ватандӯст аст.
ДТТ, 15.05.2025