ТАҚСИМОТИ ХАМТКУНАНДАГОН БО ҶОЙИ КОР. БАРГУЗОРИИ НАМОИШГОҲ ВА ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони кишвар, муҳайё намудани шароитҳои мусоид ва ба ин васила беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Яке аз роҳҳои ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба кор ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ тавассути мактабҳои олӣ, техникум ва коллеҷу литсеҳо омода намудани мутахассисони воқеан ҳам дар бозори меҳнат рақобатпазир бошад, роҳи дигари он, таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддат, ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ мебошад, ки бо ибтикори кумитаю вазоратҳо амалӣ гардонида мешвад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин самт Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Аз ҷумла, санаи 28-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби зиёда аз 40 корхонаю муассиса ва ташкилотҳо намоиши маҳсулот ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ барои хатмкунандагони Донишгоҳ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ – Ғафоров Ф.М. ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ҳозирин шинос намуд.
Дар чорабинӣ сармутахассиси шуъбаи муассисаҳои илмӣ-таълимии Вазорати саноат ва технологияҳори нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Р. ва муовини раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе Муродзода У. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ректори Донишгоҳ, Раҳмонзода Зоир Файлазӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки омода намудани мутахассисони рақобатпазири мутобиқ ба талаботҳои бозори меҳнат, аз техника ва технологияҳои нави муосир бархурдор ва эҷодкору навовар яке аз вазифаҳои асосии таълимгоҳҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Масъалаи мазкур борҳо дар суханрониҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил ва масъалагузорӣ қарор гирифта, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатӣ ва қарорҳоро таҳия ва қабул намудааст. Гузариш аз шакли аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масъалаҳои нави омодасозии мутахассисони соҳаи саноатиро ба миён меоварад. Махсусан, аз ҷониби Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” моро водор месозад, ки мутахассисони рақобатпазирро барои бозори меҳнат омода намоем.
Зимни суханронӣ Давлатов Р. иброз дошт, ки дар чорабинии имрӯза намояндагони як қатор корхонаю ширкатҳои саноатӣ ва бонкҳо иштирок доранд, ки хатмкунандагон оид ба ҷойҳои холии корӣ маълумоти муфассал мегиранд ва ин ба интихоби ҷойи кории онҳо кӯмак хоҳад расонид.
Дар суханронии худ Муродзода У. оид ба ҷойҳои кории холӣ ва тартиби муроҷиат ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунандагон маълумот пешниҳод намуда, қайд кард, ки хатмкунандагон метавонанд тавассути сомонаҳои расмии дар сомонаи Вазорат инъикосгардида барои дарёфти ҷои кор муроҷиат намоянд.
Дар идомаи ҷаласа миёни корфармоён ва хамткунандагон доир ба масоили матраҳгардида саволу ҷавоб сурат гирифт. Ҳамзамон намояндагони ЧДММ “ИИ Нассоҷии Тоҷик” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”- и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, оид ба сиёсати кадрии корхонаҳои хеш маълумоти мухтасар дода, барои баргузории чунин чорабинӣ ба роҳбарияти Донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Дар интиҳо, ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ барои дастгириҳои ҳамаҷонибаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту ширкатҳои ватаниву хориҷӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба корфармоён ва хатмкунандагон барору комёбӣ орзу намуд.
Сипас, корфармоён ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо Донишгоҳ бо Сипосномаи ректори Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Баъди анҷоми ҷаласа меҳмонон ва корфармоёну хатмкунанадгон бо маҳсулоти ба маъраз гузошташудаи намоишгоҳ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ аз наздик шинос шуданд.