МУСТАҲКАМИИ ОИЛА АСОСИ ҶОМЕАИ ҲУҚУҚБУНЁД

Санаи 27-уми майи соли равон дар асоси мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 10-и “Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе” оид ба амалисозии “Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 августи соли 2024, № 543 ба тавсиб расидааст, миззи мудаввар дар мавзӯи “Мустаҳкамии оила-асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд” бо мақсади омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҷалби онҳо ба омӯзиши касбу ҳунар, баланд бардоштани масъулият дар бунёди оила ва эҳтироми волидайн миёни устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У., сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Қаюмзода Д.А., собиқадори меҳнат Узоқова А.Ҷ., муаллими калони кафедраи психологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Каримиё Қ., ва зиёда аз 60 нафар кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варизиданд.
Нахуст кори мизи мудаввар дар мавзӯи “Мустаҳкамии оила-асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд”- ро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. оғоз намуда меҳмононро барои қадам ранҷа намудан ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хайра мақдам намуд.
Сипас ба кори мизи мудаввар сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Қаюмзода Д.А., идома дода дар бораи мустаҳкам ва пойдор мондани оила маърӯза намуд. Собиқадори меҳнат Узоқова А.Ҷ., аз таҷрибаи пурғановат ва хотирмони зиндагонии хушбахтонаи хуб ба иштирокдорон қисса намуда барои дар барпо намудани оилаи соли маслиҳатҳои хуб пешниҳод намуд.
Инчунин муаллими калони кафедраи психологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Каримиё Қ., ҷиҳати психологии эҳтиром ва пешбурди зиндаги якдигарфаҳмию хонаободии оиларо дар эҳтироми зану шавҳар шарҳ дода, даъват ба амал овард, ки агар дар зиндаги якдигарфаҳмӣ, эҳтиром, бошад дар он оила ячейкаи хушбахти ба вуҷуд омада оилаи солим рушд менамояд. Қайд карда шуд, ки Оилаи солим –ин оилаест, ки дар он муҳити дӯстӣ, эҳтиром, муҳабат, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирӣ ҳукмфармо аст. Агар аъзоёни оила ба якдигар эҳтиром гузоранд, мушкилотро якҷо ҳал намоянд, саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳи нигоҳ дошта шуда кӯдакон дар муҳити солим тарбия меёбанд.