ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ВОХӮРИИ СУДМАНД БО НАМОЯНДАГОНИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 03.06.2025 бо мақсади таҳкими маърифати сиёсиву ҳуқуқии донишҷӯён, фаҳмонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баррасии масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрии кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва дар суханронии худ зикр кард, ки: “Паёми Пешвои миллат, ки ҳамчун санади стратегӣ ва барномаи воқеии рушди миллӣ қабул шудааст, дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, нақши муҳим мебозад. Ҷавонон бояд худшиносу ватандӯст бошанд ва ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ муқовимати қавӣ нишон диҳанд.” Раҳмонзода З.Ф. таъкид намуд, ки истифодаи самараноки қувваи барқ яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба шумор рафта, дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот, истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ бояд ба фарҳанги умумии ҷавонон табдил ёбад.
Дар идомаи чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У. доир ба натиҷаҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021–2025 дар Донишгоҳ суханронӣ намуда, зикр кард, ки: “Дар шаш моҳи сипаришуда дар донишгоҳ беш аз 25 ҳамоиш, мизи мудаввар ва конфронс доир ба мавзӯи муқовимат ба ифротгароӣ баргузор гардида, тамоми чораҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии донишҷӯён аз хатарҳои терроризм ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои мамнӯъ роҳандозӣ шудаанд.”
Муовини ректор таъкид кард, ки Донишгоҳ робитаҳои зич бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дошта, дар ҳамкорӣ бо онҳо мунтазам вохӯриву семинарҳои тарбиявӣ баргузор менамояд.
Дар фазои пурмуҳтаво ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холов Раҳматулло Ҳабибулоевич бо суханронии муфассал баромад намуда, муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дод ва ба масъалаҳои мубориза бо экстремизм ва терроризм таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
“Имрӯз ҳифзи оромии ҷомеа ва пешгирии ҳар гуна амалҳои ифротгароёна яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Ҳар як донишҷӯ бояд масъулияти шаҳрвандии худро дарк намуда, аз ҳама гуна таблиғоти хатарзо дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро дур нигаҳ дорад” — таъкид намуд намояндаи Прокуратура.
Мавсуф ҳамзамон доир ба зарурати истифодаи самараноки неруи барқ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ҳар шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол бояд нисбат ба захираҳои энергетикӣ масъулиятшинос бошад, зеро ин масъала ба амнияти энергетикӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ алоқаманд аст.
Дар поёни чорабинӣ, ректори Донишгоҳ ба намояндаи Прокуратураи генералӣ ва дигар меҳмонон барои ташриф ва суханронии судманд изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён дар фаъолият ва таҳсили минбаъда барору комёбӣ орзу намуд. “Баргузории чунин вохӯриҳои муҳтавошаванда ба таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва пешгирии хатарҳои замони муосир мусоидат менамояд,” — иброз дошт ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф.
Мулоқот бо рӯҳи баланди ватандӯстона ва муҳити озод анҷом ёфта, иштирокчиён аз фурсати муҳайёгардида барои дарёфти маълумоти муфид ва ибрози назару саволҳо истифода намуданд.