ШИРКАТ ДАР ОЗМУНИ КАДБОНУИ БЕҲТАРИН

Бо мақсади эҳёи анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонии беҳтарин” ташкил ва баргузор карда мешавад.
Вобаста ба ин, санаи 12.04.2025 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе озмуни болозикр бо шукӯҳу шаҳомати хоса, бо оростани дастурхони хӯрокҳои минтақаҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баробари дигар муассисаҳо кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар озмуни номбурда фаъолона ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди кадбонугии тайёр намудани хӯрокҳои миллии тоҷикии минтақаи Хатлонро нишон доданд. Ҳамзамон, донишҷӯдухтарони Донишгоҳ дар пазироии меҳмонон фаъолона ширкат варзиданд.
Дар ҷамъбасти озмуни мазкур бонувони Донишгоҳи технологии Тоҷикисто бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Боғи Ирами шаҳри Душанбе, 12.04.2025