ДАР ДОНИШГОҲ “РӮЗИ ДАРҲОИ БОЗ” БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз бо мақсади ҷалби бештари довталабон ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва шиносоӣи хатмкунандагони МТМУ бо имкониятҳои Донишгоҳ, чорабинии “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бо мусоидати Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе зиёда аз 45 МТМУ бо теъдоди 1760 нафар хамткунандагон фаъолона ширкат варзиданд.
Нахуст, чорабиниро ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. ифтитоҳ бахшида роҷеъ ба имкониятҳои Донишгоҳ, дастовардҳои илмӣ-инноватсионии он, шарту шароити таҳсил, хобгоҳи замонавӣ, мавҷудияти озмоишгоҳҳои тахассусӣ, марказҳои инноватсионӣ, технопарки “Фановар”, IT-park, имкониятҳои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар, ҳамкориҳои Донишгоҳ бо корхонаҳои бонуфузи мамлакат, тақсимоти хатмкунандагони Донишгоҳ бо ҷойҳои корӣ ва имкониятҳои рушди касбии ояндаи онҳо суханронӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфта, аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон барои соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар – саноати сабук ва хӯрокворӣ мутахассисони маълумоти олӣ доштаро, ки то даврони Истиқлолият дар хориҷи кишвар тайёр карда мешуданд, таъмин намуд. Дар тӯли фаъолият барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар зиёда аз 18000 нафар мутахассисони рақобатпазирро тайёр намудааст ва ҳоло онҳо дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар фаъолият бурда истодаанд.
Донишгоҳ барои ташкили босамари ҷараёни таълим ва дар сатҳи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ тайёр намудани мутахассисон дорои потенсиали баланди илмӣ–педагогӣ, пойгоҳи васеи моддию техникӣ мебошад.
Зоир Файзалӣ иброз дошт, ки донишҷӯён дар Марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва дизайн иштирок варзида маҳорати касбии худро метавонанд сайқал диҳанд ва нозукиҳои дӯхтани сару либос, зардӯзӣ, расмкашию нақшбандӣ дар арғумонҳоро аз худ намояд. Инчунин, дар Донишгоҳ аз рӯйи 30 ихтисос курсҳои кутоҳмуддати таълимӣ-сертификатсионӣ амал менамоянд.
Зимнан қайд гардид, ки ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ васеъ буда, бо 140 таълимгохҳои олии хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад. Мутахассисон аз хориҷи кишвар даъват карда шуда аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷуён дарс медиҳанд. Ҳар сол дар доираи барномаҳои байналмилалии ЭРАСМУС+, GIZ соҳиби чандин грантҳо мегардад, ки онҳо ба кормандон ва донишҷӯён барои дар хориҷи кишвар таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ намудан имкониятҳои васеъро фароҳам меоваранд. Дар назди Донишгоҳ фаъолият намудани Маркази муштараки Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён зеҳни сунъӣ ва забонҳои муосири барномасозиро аз худ намуда, тарзи барномарезии кори роботҳо ва савораҳои беодамро аз худ намоянд. Дар маркази мазкур се нафар устодони варзида аз Кореяи Ҷанубӣ дарс меомӯзонанд. Донишгоҳ аз рӯйи 53 ихтисос дар зинаи бакалавр мутахассис тайёр мекунад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки шурӯъ аз соли таҳсили 2022-2023 дар Донишгоҳ ихтисоси нав – интеллекти сунъӣ таъсис дода шудааст, ки мутахассисонро мутобиқи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ бо ҷалби мутахассисон аз Кореяи Ҷанубӣ омода менамояд.
Баъдан хатмкунандагони МТМУ аз факултетҳо, озмоишгоҳҳо ва марказҳои инноватсионии Донишгоҳ дидан намуданд.
ДТТ, 12.04.2025