(гузориш аз ҷараёни вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон профессор Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ)
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамқадами Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, аҳли устодон ва шогирдони ин даргоҳи илму маърифат 35 – солагии таъсисёбии онро дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тољикистон таҷлил хоҳанд гирифт.
Агар ба таърихи тавлиди ин муассисаи бонуфузи кишвар таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки он аз рӯи зарурат ва бо тақозои руҳияи истиқлолхоҳии мардуми ин диёр ба вуҷуд омадааст.
Аз миёнаи солҳои 80-ум сар карда, аз тамоми корхонаҳои саноатии кишвар мутахассисон, ки аксаран намояндагони миллатҳои дигар буданд, Тоҷикистонро тарк намуда, ба ватани аҷдодии худ роҳ гирифтанд. Дар корхонаҳои истеҳсолӣ якбора норосии мутахассисон баамал омада, боиси вайрон шудани хатти ҷараёни истеҳсолоти кишвар гардид. Ҳукумати вақт роҳи раҳоӣ аз чунин буҳрони баамаломадаро дар тайёр кардани мутахассисони ватанӣ дида, масъулинро аз пайи таъсиси чунин як муассисаи таълимие, ки барои корхонаҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ ва саноати сабук мутахассисон омода месозад, сафарбар намуд.
Бо ҳамин нияти хайру созанда Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Қарори Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 20-уми сентябри соли 1990 таҳти рақами №207 ҳамчун Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон ва бо Қарори Девони Вазирони ИҶШС аз 29-уми июли соли 1991 таҳти рақами №530 ва Қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 1991 ба Донишкадаи технологии саноати сабук ва хӯрокворӣ ва бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №80 аз 19-уми феврали соли 1993 он ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар муддати 35-соли фаъолият бо меҳнату кӯшишҳои пайвастаи устодон ва кормандони он ба яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, ҳайати омӯзгорону профессорони Донишгоҳ баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияи давлатӣ дар соҳаи маориф тамоми неруи зеҳнии худро равона намуда, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми Донишгоҳ дар фазои ҷаҳонии таҳсилот саъю кӯшиш менамояд.
Дар зер чанд нуктаеро ба таваҷҷуҳи хонандаи азиз пешниҳод менамоем, ки аз фаъолияти самараноки ин даргоҳи илму маърифат бозгӯӣ мекунанд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чун маркази илму маърифат:
ягона муассисаи таълимие мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи саноати сабук ва хӯрокворӣ тайёр мекунад;
яке аз марказҳои таҷрибавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки гузариш ба низоми кредитии таҳсилотро оғоз кардааст;
тайёр намудани мутахассисони маълумоти олидошта дар 8 факултетҳо аз рӯи 41 ихтисоси бакалавр, 36 ихтисоси магистратура ва 8 ихтисоси докторантура амалӣ карда мешавад;
яке аз аввалин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аст, ки дар тӯли фаъолияти худ тадриҷан муқаррароти асосии раванди Болонияро амалӣ менамояд;
дар тӯли мавҷудияти худ барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар зиёда аз 12500 нафар мутахассисони баландихтисосро тайёр кардааст, ки беш аз 600 нафари онҳо сазовори дипломи аъло гардидаанд;
дар айни замон дар Донишгоҳ 280 омӯзгор, аз ҷумла 22 доктор ва 120 номзади илм фаъолият доранд.
сатҳи дараҷа ва унвони илмидоштаи ҳайати омӯзгорони донишгоҳ 65,7% -ро ташкил медиҳад;
аз шумораи умумии ҳайати омӯзгорон 210 нафар (75%) кормандони доимӣ мебошанд;
ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи зиёда аз 70 созишномаҳои бо донишгоҳҳои хориҷӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва дигар созмонҳои илмии 25 давлатњои Аврупо, Шарқи Осиё, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, кишварҳои ИДМ баимзорасида сурат мегирад. Ҷуғрофияи зудҳаракатии академияи омӯзгорон ва донишҷӯён Италия, Испания, Ҳиндустон, Хитой, Корея, Украина, Лаҳистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Португалия, Словакия ва дигар кишварҳоро фаро мегирад;
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз қабили Эразмус Мундус, Эразмус +, GIZ, JICA; WTIT; Бонки ҷаҳонӣ; ITS; UNDP; Бунёди Оғахон, ЮНЕСКО, LOEO, ITEC ва ғайра фаъолона ширкат меварзад.
Новобаста бо чунин дастовардҳо имрӯз дар бозори меҳнат, ки асоси талаботи онро рақобатпазирии сифатии таҳсилот ташкил медиҳад, саргарм шудан намешавад. Айни замон дар кишвари азизи мо зиёда аз 42 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият менамояд, ки дар ин гуна рақобати солими бозори меҳнат на ҳар муассисаи таълимӣ мавҷудияти худро таъмин кардан метавонад. Бо ҳамин мақсад, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикист маљмўи чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, тарғиботӣ ва илмӣ пайваста баргузор мегардад, то ҳар чи бештар таваҷҷуҳи довталабони муассисаҳои таълимиро ба ин даргоҳ ҷалб карда бошем. Натиҷаи ин фаъолиятҳо нишон дод, ки бо ин гуна талошҳо ҳанӯз наметавон донишгоҳро дар ҳар гуна вазъияти ислоҳотпазир дар бозори меҳнат нигоҳ дошт.
Барои дастгирии устодону шогирдони Донишгоҳ ректор Раҳмонзода Зоир Файзалӣ пеш аз ҳама вохӯрињоро бо њайати устодони кафедраву факултетҳо оғоз намуданд. Ин иқдоми ректор дар тамоми макотиби олӣ ва миёнаи кишвар паҳн гардид. Ҳама интизор буданд, ки ректор Донишгоњ бо ин вохӯриҳо сафи омӯзгоронро кам намуда, бо ҳамин васила нуфузи худро дар кафедра ва факултаҳо пурзӯр менамояд. Аз ин вохӯрӣ, хосатан, омӯзгороне, ки синну солашон ба нафақа расидааст ва ё дар нафақаанд ва ҳамчунин баъзе кормандоне, ки дараҷаи илмӣ надоранд, дар хавотир буданд. Одатан, ин гуна вохӯриҳоро роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони корхонаҳои истеҳсолӣ ба хотири кормандони худро аз сиёсати худ огоҳ намудан ташкил менамоянд.
Аз ҷумла, рӯзи 13-уми феврали соли 2025 чунин вохӯрии ректори Донишгоҳ бо устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ баргузор гардид. Ҳанӯз вохӯрии мазкур ба амал наомада, аксари устодони дар нафақа буда, оҳанги аз донишгоҳ рафтанро доштанд, зеро чанд соли охир усули идоракунии баъзе роҳбарон ҳамин гуна сурат мегирифт. Чунин расме дар муассисаву корхонаҳо ҷоиз буд, ки атесстатсия ва ихтисори кормандон бо мақсади холӣ кардани ҷойҳои корӣ барои дӯстону ҳаводорони роҳбарон гузаронида мешуд.
Ректори Донишгоҳ омӯзгорони кафедраро дар дафтари кории худ даъват намуд ва ба ҳар яки онҳо бо иззату эҳтиром муносибат намуда, пас аз шиносоӣ ба кору фаъолият ва мушкилоти зиндагии ҳар корманд таваҷҷуҳ намуд. Дар дафтари кории ректор ҳама як фазои озоду якдигарфаҳмӣ ва муносибати хуби инсониро аз роњбар эҳсос намуданд. Дар чунин руҳияи хеле муносиб ва созанда ҳамагон имкони озодона ҳарф задан бо раёсати Донишгоҳро пайдо намуд. Дар муқаддимаи нишасти мазкур ректор доир ба пешравиҳо ва иқдоми раёсати донишгоҳ мухтасар суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар пешравӣ ва рушди Донишгоҳ мо саҳми ҳар як омӯзгор ва корманди онро ба хубї эњсос мекунем. Бидуни меҳнати софдилонаи ҳар як омӯзгор пешравии муассисаи таълимии мо ғайриимкон аст. Мо аҳли раёсат вазифадорем, ки саҳми ҳар як омӯзгорро дар ин пешравиҳо дида тавонем ва онро қадр карда бошем.
Бояд иқрор шуд, ки баъди ин гуна муносибати оқилона ва суханронии ҳадафмандона ҳар як омӯзгори дар вохӯрӣ иштирок намуда, қадру қимати худро чун инсон ва чун мутахассис эҳсос намуд. Ректор ҳамчунин таъкид намуд, ки ин гуна муносибати ҳасана бо кормандон аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат нисбати ҳар шаҳрванд бармеояд. Президенти муҳтарами кишвар зимни таъин намудани ҳар як мутахассис дар вазифаҳои пурмасъулият, қайд намуд Раҳмонзода З.Ф. таъкид менамоянд, ки аввалан аҳли кормандони ҳар муассисаро эҳтиром намоед ва барои фаъолияти ҳар як корманди он шароити мусоид фароҳам оред. Ин вохӯрии мо аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад ва татбиқи оқилонаи ин сиёсат аз ҳар яки мо вобаста мебошад.
Ниҳоят, дар ҷараёни суҳбат ректор таъкид намуд, ки вазифаи навбатии кафедра дар замоне, ки таъсиру нуфузи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар байни мардум зиёд мешавад, дар руҳияи худшиносӣ ва ҳушёрии миллӣ тарбия кардани ҷавонон мебошад.
Дар ин замина санаду қарорҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ки моҳияти онҳоро ба насли ҷавон фаҳмондан аз вазифаҳои муҳимтарини фанҳои мазкур буда, бояд шарҳу тафсири ин санадҳо дар барномаҳои таълимии фанҳои гуманитарӣ ҷой дода шуда бошад. Дар ин замони пурихтилоф вазифаҳои фанҳои гуманитарӣ дар ҷараёни таълим ва дар ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯз аз рӯз боло меравад ва муаллимони кафедраи фанҳои гуманитариро лозим меояд, ки дар матни лексия ва маводи дарсҳои амалӣ аз ҳуҷҷату санадҳои муҳимтарин истифода намоянд. Иловатан таъкид намуд, ки љињати баланд бардоштани нақшу мақоми фанҳои гуманитарӣ дар низоми таълими муассисањои олии касбї дар маркази таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ қарор дорад.
Ҳамзамон Раҳмонзода З.Ф. таъкид намуд, ки таҷлили иду чорабиниҳои миллӣ ва сиёсӣ бояд пеш аз њама устодони њамин кафедра пешсаф ва ташаббускор бошанд ва дар байни донишҷӯён ба гузаронидани чорабиниҳои муҳими тарғиботӣ пешсаф бошанд. Њамчунон, оид ба ҷамъбасти сессияи зимистона ибрози назар намуда, таъкид намуд, ки рўњбаландї ва њавасмандии донишҷӯёнро дар ин самт аз вазифаҳои асосии устодони кафедра њисобид. Таъмини донишҷӯён ба ҳама гуна маводи таълимӣ аз матни электронии лексияҳо то дастурҳои таълимию методӣ бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи устодони кафедра қарор дошта бошад.
Дар навбати худ устодони кафедра профессор Абдураҳим Абдулло, д.и.ф., Нурмуњаммад Одинаев, дотсент Нуриддин Амирӣ, Гулнора Саъдуллоева, Мунира Акбарова, Маҳмадулло Бобоев, Муҳаммадисо Равшанзода, Раҷаббой Ҷӯраев ба ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода З.Ф. барои чунин вохӯрии судманд изҳори ташаккур намуданд ва дар навбати худ ректор ба идораҳои Донишгоҳ барои иҷрои дархосту саволҳои устодон супоришҳои қатъӣ дода шуд. Аз ҷумла, дар асоси дархости муаллимаи калон Акбарова М. ба масъулин супориш дода шуд, ки тамоми васоити техникии дарсхонаҳои таълимӣ дар муҳлати наздиктарин аз таъмир гузаронида, ҷиҳати иҷроиши ин супориш ҳисоботи хаттӣ пешниҳод карда шавад. Дотсент Нуриддин Амирӣ дархост намуд, ки дар соли 2025 аз ҷониби Пешвои миллат тамоми мардуми тоҷик ба китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таъмин карда мешавад. Дар ҳамовозӣ ба ин иқдоми Ҷаноби Олӣ дотсент Нуриддин Амирӣ аз ректор хоҳиш намуд, ки барои ташкил намудани маҳфили адабии “Шоҳномахонӣ” мусоидат намояд. Ректор Раҳмонзода З.Ф чунин дархостро саривақтӣ ва мавриди дастгирӣ қарор дода, даъват намуд, ки маҳфили аввалини “Шоҳномахонї”-ро дар арафаи иди миллии Наврӯз баргузор намоянд. Дотсент Ҷӯраев Р. вазъи забондонии донишҷӯёнро хеле ташвишовар арзёбӣ намуда, барои ташкили гурӯҳҳои омӯзиши забони русӣ мусоидат намудан, дар баланд бардоштани маҳорати забондонии шогирдон чораҳо андешидан зарур аст. Дар ин самт ректор иттилоъ дод, ки дар Донишгоҳ барои омӯзиши забонҳои русӣ, олмонӣ, англисӣ, кореягӣ ва фаронсавӣ курсҳои махсус таъсис дода шудааст, ба донишҷӯён лозим аст, ки худро дар ин гурӯҳҳои омӯзиши забонҳо номнавис намуда, дар машғулиятҳо фаъол бошанд ва бо омӯзгорон ҳамкориҳои муҳиме дар ин росто дошта бошанд. Дотсент Орифҷонова М. масъалаи иштироки шогирдон ва устодони кафедраро дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ ба миён гузошт ва аз раёсати Донишгоҳ хоҳиш намуд, ки барои қадрдонии шогирдон аз ҷониби масъулин дархост намуд ва Ректор иттилоъ дод, ки барои қадрдонии шогирдон дар ин самт фондҳои махсус ҷудо карда шудааст ва дар ҷашнҳои Наврӯз ва Рӯзи Истиқлолият ба ғолибони озмунҳои фаннӣ ва ба кормандоне, ки рисолаҳои илмии худро дифоъ мекунанд, расонида мешавад. Њамчунон, ректор иттилоъ дод, ки барои унвонҷӯёне, ки рисолаҳои илмии худро дифоъ мекунанд, маблағ барои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои рисолаи докторӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар карда шуд. Дархости дотсент Саъдуллоева Г.Р. оид ба баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дар машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ ба миён гузошт ва таклиф намуд, ки дар ин самт анъанаи вохӯрӣ бо падару модари шогирдонро аз нав эҳё намоянд. Ректори Донишгоҳ ин таклифро дастгирӣ намуда, таъкид намуд, ки дар ин вохӯрӣ ҳайати устодону омӯзгорон низ фаъол бошанд.
Профессор Абдураҳими Абдулло аз устодони кафедра хоҳиш намуд, ки дар барномаю дастурҳои таълимӣ мавзуъҳои алоҳида вобаста ба тарғиби сиёсати Президенти муҳтарами кишвар илова намоянд. Ректор чунин таклифи муҳимро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, аз мушовири худ Тошматов М.Н. хоҳиш намуд, ки татбиқи масъалаи мазкурро мавриди назорат қарор диҳанд.
Дар охири вохӯрие, ки хело хотирмон ва судманд баргузор гардид, мудири кафедра номзади илмњои таърих Асомиддини Абдулмумин аз раёсати Донишгоҳ барои чунин суҳбати самимӣ миннатдорӣ изҳор намуда, ваъда дод, ки дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон устодони кафедра фаъолияти хуб нишон медиҳанд ва дар беҳтар намудани сифати таълими аз усулҳои муосири таълим истифода хоҳанд кард. Мушовири ректор Тошматов М.Н. дар бораи натиљаи санљиши вазъи таълими фанҳои кафедра маълумоти мухтарсар дода, дар бораи беҳтар намудани сифати таълим дар муҳити кафедра маслиҳатҳои муҳиму муфид иброз намуд.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода З.Ф. дар охир аз иштироки фаъолонаи устодони кафедра дар ин вохӯрии судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, ваъда дод, ки дар охири ҳар соли хониш чунин суҳбатҳо дар ҳар кафедра гузаронида, баҳри ёрӣ ба устодону шогирдон талош хоҳад кард. Устодони кафедра низ аз ректори Донишгоҳ барои чунин суҳбати озод, ошкоро ва хайрхоҳона изњори миннатдорӣ намуданд.
Истифода аз фурсат бардошт аз вохўриро бо чанд андешањо љињати бењтар шудани фаъолиятњо пешниҳод иброз медорем:
Чунин вохӯриҳо ва суҳбатҳои методӣ бо идораҳои таълим ва сифати таҳсилот, идораи илм ва татбиқот, идораи равобити хориҷӣ ва тарбияву идеология дар охири ҳар нимсола ташкил карда, масъалаҳо ҳар як самти фаъолият дар алоҳидагӣ баррасӣ гардад;
Озмуни таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки ифодагари мафкураи эҷодии донишҷӯён мебошад, аз нав эҳё карда шавад;
Дар асоси мутолиаи асарҳои Пешвои миллат озмуни “Пайравони Пешвои миллат” бо иштироки тамоми донишҷӯён ва шогирдон баргузор карда шавад;
Бахшида ба 2550-солагии Курӯши Кабир, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муайян гардид, силсилаи чорабинињо баргузор шуда, бо ин васила саҳми Донишгоҳи мо дар татбиқи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат нишон дода шавад.
Қабули имтиҳон ва ҳар гуна назорати сифати таълими фанҳои гуманитарӣ ба таври шифоҳӣ сурат гирад, то донишҷӯён дар инкишофи нутқи шифоҳии худ имконият пайдо карда бошанд.
Бо эҳтиром,
ҳайати устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ
