Ғолибият муборак !

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш миёни бонувон дар ибтидои моҳи апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба волейбол байни калонсолон (бонувон) миёни муассисаҳои шаҳр баргузор гардид.
Дар чемпионати мазкур дастаи духтаронаи волейболбозони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолона иштироак намуда, маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. Дар ниҳоят, пас аз чанд марҳилаи бозиҳои мушкил тавонистанд сазовори ҷойи 2-юми чемпионати кушоди шаҳри Душанбе гарданд ва бо медалу диплом аз ҷониби масъулини чемпионат мукофотонида шуданд.
Дар чемпионатҳои минбаъда ба дастаи духтаронаи волейболбозони Донишгоҳ барору комёбӣ таманно менамоем.
Бори дигар ғалаба муборак бошад!