Боз як ғолибият
Донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии One Run ба даҳгонаи беҳтарин мушарраф гардиданд
Дар Ниммарафони байналмилалӣ One Run, ки рӯзи 24 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 850 нафар иштирокчӣ аз масофаҳои гуногун — 1 км, 5 км, 10 км ва 21,1 км — худро санҷиданд. Дар байни иштирокчиёни фаъоли ин чорабинии варзишӣ, ду донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон — Маҳмадализода Бежан Табрез, донишҷӯи ихтисоси 1-40010107 аз Факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ , ва Раҳматуллоев Суҳайл Салоҳиддинович, донишҷӯи ихтисоси 1-25010410 аз Факултети иқтисодиёт ва молия — дар масофаи 10 км ширкат варзида, ба даҳгонаи беҳтарин шомил шуданд.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки мусобиқаи One Run як чорабинии сатҳи байналмилалӣ мебошад, ки ҳамзамон дар як рӯз дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Узбекистон ва дигар давлатҳо баргузор мегардад. Ҳамасола дар ин чорабинӣ 850,000 нафар иштирок мекунанд.
Ҳадафи асосии мусобиқаи One Run тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳкими дӯстӣ байни миллатҳо ба ҳисоб меравад.
Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ифтихор аз дастовардҳои донишҷӯён ва иштироки фаъолу натиҷабахши онҳо дастгирӣ намуда, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҷавононро ба тарзи ҳаёти солим раҳнамун созад.
