Боз як ғолибият муборак бошад!!!
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад»
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯи курси 1-уми Факултети технологияҳои иттилоотӣ ва интеллекти сунъӣ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон — Рӯзизода Назрбибӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад» миёни 36 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи сеюм гардид. Ӯ бо диплом ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Мақсад аз баргузории ин озмун арҷгузорӣ ба фарҳангу адабиёти ғании тоҷик, махсусан муаррифии осори безаволи ниёгон — аз ҷумла «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Озмун инчунин ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, ифтихор аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва бедорсозии ҳисси ватандӯстӣ миёни насли ҷавон равона шудааст.
Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам меорад барои пайвастани ҷавонон ба ҷаҳони маънавӣ, тарбияи завқи адабӣ ва пос доштани арзишҳои фарҳангии миллӣ.