ДАСТОВАРДИ АРЗАНДА ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Санаи 15.05.2025 маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки аз 420 нафар иштирокчӣ дар даври дуюм, 90 нафар бо гирифтани ҷойҳои намоён аз ҳамаи номиннатсияҳо ба даври сеюми (шаҳрӣ)-и озмун роҳхат гирифтанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Давлатова Шоира аз номиннатсияи адабиёти муосири тоҷик сазовори ҷойи дуюм ва Муҳиддинова Омина аз номиннатсияи адабиёти классики тоҷик сазовори ҷойи сеюм гардиданд, ки ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифта бо “Ифтихорнома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ карда шуданд.