Идораи равобити хориҷӣ ба диққати докторантони (PhD)-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мерасонад, ки Донишгоҳи миллии илм ва технология “Политехника”-и Бухарести Ҷумҳурии Руминия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳ дар доираи лоиҳаи мубодилаи академии байналмилалии Эразмус+ KA-171-и Иттиҳоди Аврупо қабули дархостҳоро ҷиҳати дарёфти стипендия дар зинаи докторантура (PhD)-и самти ТИК барои семестри зимистонаи соли таҳсили 2025/26 (октябри соли 2025 – январи соли 2026) ба муҳлати 4 моҳ эълон намудааст. Маврид ба зикр аст, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ аз ҳисоби лоиҳа барои 4 моҳ 3780 евроро ташкил медиҳад, аз ҷумла барои роҳкиро 580 евро ва идрорпулии инфиродӣ 3200 евро.
Мӯҳлати ниҳоии дархостҳо 28-уми майи соли 2025 муайян шудааст.
Барои гирифтани маълумоти бештар ва омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ хоҳишмандон метавонанд ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ тавассути телефони 234-59-27 ва почтаи электронии intertut@90gmail.com муроҷиат намоянд.
Ёдрас менамоем, ки довталабон аз ҳамаи ҳуҷҷатҳои омодагардида бояд як нусхагӣ дар як ҷузвдони алоҳида ба идораи робитаҳои хориҷии Донишгоҳ супоранд.