ДАРСИ АМАЛӢ ДАР КОРХОНА

Дар доираи татбиқи барномаҳои таълимӣ ва бо мақсади таҳкими робитаи назария бо амалия, дарсҳои амалӣ аз фанни «Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти нахҳои табиӣ» ва «Технологияи кимиёвии маснуоти нассоҷӣ» барои донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 1-50010108 А (12) ташкил ва баргузор гардиданд. Ин дарсҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии донишҷӯён равона шудаанд.
Дар раванди дарсҳои амалӣ донишҷӯён таҳти роҳбарии устоди масъул аз донишгоҳ Бобиев О.Ғ. бо ҷараёнҳои технологии истеҳсолоти нассоҷӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва марҳилаҳои коркарди нахҳои табиӣ аз наздик шинос гардиданд. Ҳамзамон, онҳо имконият пайдо карданд, ки дониши назариявии худро дар шароити воқеии истеҳсолӣ татбиқ намоянд.
Дарсҳои амалӣ дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик» баргузор гардида, барои донишҷӯён шароити мусоид ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи истеҳсолӣ фароҳам оварда шуд. Чунин ҳамкориҳо дар баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони ҷавон ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи бозори меҳнат саҳми назаррас мегузоранд.

Leave a Reply