ҲАФТАИ ИЛМ: БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ

24-25 апрели соли 2026, дар доираи Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Навовариҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ дар фанҳои дақиқ ва муҳандисӣ ҳамчун омили калидии рушди устувор» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, ки яке аз ҳадафҳои калидии он ба мусоидат кардан дар татбиқи ҳадафаи чоруми стратегӣ – Саноатикунонии босуръати кишвар нигаронида шудааст.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия, ки рӯзи 24 апрели соли 2026, аз соати 10:00 то соати 12:00 дар толори калон – маҷлисгоҳи Донишгоҳ баргузор гардид, олимону муҳаққиқон ва мутахассисони варзидаи кишвар, ходимони давлатӣ, докторантону унвонҷӯён ва магистрантону донишҷӯён иштирок намуданд.
Аз рӯйи барномаи кории конференсия, ҷаласаи ифтитоҳӣ бо суханони табрикотӣ ва маърӯзаҳои илмии зерин барпо гардид:
1. Суханони табрикотии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи профессор Раҳмонзода Зоир Файзалиро муовини аввал – муовини ректори Донишгоҳ оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Насриддинзода Мирзомудин Шамсудин ба самъи ҳозирин расонид.
2. Табрикоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини сардори шуъбаи муассисаҳои илмӣ-таьлимии Вазорат Давлатов Раҳмоналӣ манзури ҳозирин гардонид.
3. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва иқтисодиёти рушди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Усманова Туфа Ҷумаевна бо маърӯзаи илмӣ дар мавзуи «Илми иқтисодӣ: мушкилот ва дурнамои рушд» (рус. «Экономическая наука: проблемы и перспективы развития») баромад кард.
4. Маърӯзаи илмии директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», номзади илмҳои педагогӣ Каримзода Шавкат Каримро дар мавзуи «Таҳсилоти рақамӣ: ташаккули салоҳиятҳои рақамии омӯзандагон – қадаме дар масири омодасозии мутахассисони навовар» мушовири директори Марказ Наврӯзов Ҳамза муаррифӣ намуд.
5. Директори генералии ҶСК «Гулистони Душанбе» Ярбабаева Малика Алишеровна (хатмкардаи муваффақи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) дар мавзуи «Дурнамои рушди саноати дӯзандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли ҶСК «Гулистони Душанбе»)» (рус.: «Перспективы развития швейной промышленности в Республике Таджикистан (на примере ОАО «Гулистони Душанбе»)») маърӯза кард.
6. Директори Маркази таълимӣ-инноватсионии Академияи AG – ҶДММ «AG-Менеҷмент» Шарипов Муҳаммадҷон бо маърӯзаи худ дар мавзуи «Рушд ва дурнамои ҶДММ «Амирӣ» дар даврони истиқлолият» баромад намуд.
Дар фарҷоми ҷаласаи ифтитоҳӣ, дар байни иштирокчиён музокира ва мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, дарҷ карда шуд, ки конференсия ба пайдо шудани ҳамкориҳои нав ва густариши ҳамкориҳои мавҷуда, ба миён омадани доираи мавзуъҳои тозаи илмию тадқиқотӣ ва мустаҳкамсозии робитаҳо барои фаъолияти якҷоя дар байни донишгоҳҳо ва олимону муҳаққиқон мусоидат намуда, заминаи муносиберо созмон медиҳад. Он як қадами муҳим дар роҳи иҷрои дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди илм, техника ва инноватсия мебошад.
25 апрели соли 2026, конференсия кори худро аз рӯйи 5 бахши муҳими илм, ки ҳар яке инъикосгари самтҳои калидии рушди иқтисоди миллӣ ва илму технология мебошад, идома дод:
Бахши 1. Навоварӣ ва ихтироъкорӣ дар саноати сабук ва хӯрокворӣ.
Бахши 2. Татбиқи технологияҳои иттилоотӣ, низомҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар илм ва маориф.
Бахши 3. Фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамчун пояи рушди илм ва технология.
Бахши 4. Иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои зеҳнӣ дар таъмини рушди устувор.
Бахши 5. Педагогикаи муҳандисӣ: омодасозии мутахассисони навовар.
Мавриди зикр аст, ки новобаста аз сатҳи ҷумҳуриявӣ доштани конференсия, барои иштирок дар он олимон ва муҳаққиқони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ, аз қабили Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, мақолаҳои илмии худро пешниҳод намуданд.
Ба унвонии кумитаи тадорукоти конференсия дар маҷмӯъ, 262 мақолаи илмӣ пешниҳод гардид, ки ин нишондиҳандаи баланд ва далели таваҷҷуҳи васеи ҷомеаи илмӣ ба масъалаҳои баррасишаванда мебошад.

Leave a Reply