admintj

By

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷаласаи кории кормандону омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Кормандон ва устодони донишгоҳ ҷиҳати дастгирии сиёсати роҳбарияти донишгоҳ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия мавқеи устувори худро изҳор намуданд. Дар ҷаласа рафти иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ мавриди таҳлил...
Read More
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба оғози соли нави таҳсил шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар рафти шанбегӣ кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ дар корҳои ободонӣ, тозакорӣ, кабудизоркунӣ, нигоҳубини майдонҳои сабз ва ба тартиб даровардани ҳудуди донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи биноҳои таълимӣ, роҳравҳо ва дигар...
Read More
19 августи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии иштирокчии Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай (УШОС) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ иштирок намуда, дар баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба рушди ҳамкориҳои донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Донишгоҳи СҲШ саҳм гузошт. Ҷаласа...
Read More
Дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ – «Тоҷикистон-2026» ва намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти хӯрокворӣ ва бастабандӣ «UPAK EXPO 2026» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, намояндагони корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ, содиркунандагон, сармоягузорон, соҳибкорон ва намояндагони муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои гуногун иштирок намуданд. Дар доираи форум ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмоназода Зоир...
Read More
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ, бо чунин унвон ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Барномаи рангини фарҳангӣ бахшида ба 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ доир намуд. Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби ансабли тарона ва...
Read More
19 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе як рӯйдоди муҳими таърихиву маънавӣ баргузор гардид, ки моҳияти он аз эҳтироми олии давлат ба фарзандони барӯманди миллат иборат буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар маросими истиқболи хоки оромгоҳи шахсиятҳои барҷастаи таърихи тоҷикон – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад иштирок намуданд....
Read More
Дар толори асосии Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Ғалаба чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ доир гардида, ҳозирин аз аҳамияти таърихии Рӯзи Ғалаба ва ҷоннисориҳои фарзандони далери Ватан ёдовар шуданд. Нахуст чорабиниро муовини ректор...
Read More
Санаи 6 – уми майи соли ҷорӣ дар толори Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фановар” –и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқгардида чорабинии сиёсӣ оид ба омӯзиши қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак”, ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади...
Read More
Дар асоси низомномаи тасдиқгардида дар охири моҳи апрели соли 2026 мусобиқаи футбол байни кормандону омӯзгорони Донишгоҳ барои дарёфти «Ҷоми Ректор» ба роҳ монда шудааст. Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим байни кормандон, дар доираи ҷашнгирии 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд, ҷашни «Рӯзи ҷаҳонии Футбол», мустаҳкам намудани...
Read More
1 2 3 4 5 … 30