СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ОМӮЗИШӢ ОИД БА СИСТЕМАҲОИ КВАНТӢ-БЕХАТАР

Дар санаи 24 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон семинари илмӣ-омӯзишӣ таҳти унвони «Системаҳои квантӣ-бехатар: ҳисоббарорӣ, амният ва иртибот» баргузор гардид. Дар доираи семинар муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ, дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ Ғаффорзода Фирӯз Муҳриддин оид ба натиҷаҳои иштирок дар барномаи омӯзишии байналмилалии «Quantum-Safe Systems: Computing, Security & Communication», ки аз 30 сентябр то 13 октябри соли 2026 дар асоси барномаи байналмилалии ITEC дар Маркази рушди технологияҳои пешрафтаи ҳисоббарорӣ (C-DAC) шаҳри Моҳалии Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид, маълумот пешниҳод намуд.
Зимни баромад Ғаффорзода Ф.М. донишу таҷрибаи андӯхташудаи худро дар самти ҳисоббарории квантӣ, алгоритмҳои квантӣ, барномасозӣ бо истифода аз Python, технологияҳои муосири ҳифзи иттилоот ва иртиботи квантӣ муаррифӣ кард. Ҳамчунин, масъалаҳои истифодаи платформаҳои Qiskit, Cirq ва PennyLane, омӯзиши алгоритми ҷустуҷӯии Гровер, омӯзиши мошинии квантӣ ва протоколи BB84 барои тақсимоти калидҳои криптографӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки омӯзиши технологияҳои квантӣ ва системаҳои муосири амнияти иттилоотӣ барои рушди таҳсилоти рақамӣ, таҳкими иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир аҳаммияти муҳим дорад. Дониш ва таҷрибаи андӯхташуда метавонад дар такмили барномаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани машғулиятҳои амалӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон истифода шавад.

Leave a Reply