Таҳти ҳамин унвон 18 ноябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо ҳайати раёсат ва донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда баргузор гардид. Он дар партави дастуру супоришҳои Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Яке аз ҳадафҳои асосии вохӯрӣ бори дигар шинос намудани донишҷӯёни муқими хобгоҳ бо талаботи Оинномаи ДТТ, Низомномаи хобгоҳи донишҷӯён ва уҳдадории онҳо дар замони пурҳаводиси ҷаҳони муосир арзёбӣ гардид. Зимни он масъалаҳои хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, тарбияи мутахассисони ватандӯст, низоми таълим, қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, арзишҳои миллӣ, меъёрҳои ахлоқӣ, масъулияти донишҷӯӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Махсусан, Зоир Файзалиевич дар мавзуи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ» суханронӣ намуда, оид ба роҳҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористиву экстремистие, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, маълумоти муфассал дод.
Зикр гардид, ки дар кишвар фаъолияти 29 ҳизбу ҳаракат ва ташкилоти террористию экстремистӣ манъ шудааст.
Инчунин, оқибатҳои хатарноки шомилшавӣ ва ҳамкорӣ бо чунин ташкилот шарҳу тавзеҳ ёфта, таъкид гардид, ки ҷавонон ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ бояд бодиққат бошанд, ба таблиғоти ифротӣ ва иттилооти бардурӯғ бовар накунанд ва аз паҳн намудани маълумоти дорои хусусияти ифротӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, риояи қонунгузории кишвар ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ ҳамчун омилҳои муҳимми пешгирии таъсири ғояҳои ифротӣ ба ҷавонон фаҳмонида шуд.
Сипас, ҷиҳати эҳтиром ба устодон, риояи интизом, азбарнамоии донишҳои муосир, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ва вобаста ба Консепсияи миллии тарбияю нақши он дар таълиму тадриси насли ватандӯсту меҳанпараст гуфтугӯ сурат гирифта, аҳаммияти тарбияи миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ шарҳу тавзеҳ ёфт. Бахусус, зикр гардид, ки тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ яке аз омилҳои муҳимми таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа мебошад.
Дар идома нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва муқовимату пешгирии амалҳои коррупсионӣ махсус таъкид гардид. Аз ҷумла, иброз шуд, ки татбиқи самараноки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» барои тақвияти рушди зеҳнӣ, маънавӣ, касбӣ ва ба воя расидани мутахассисони ватандӯсту баркамол заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Инчунин масъалаҳои марбут ба тартибу низоми зиндагӣ дар хобгоҳ, риояи қоидаҳои дохилӣ, талаботи беҳдоштӣ ва санитарию гигиенӣ, тозаву озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои истиқоматӣ, риояи реҷаи тасдиқшудаи рӯзи донишҷӯ, узвият ба китобхона, мутолиаи китобҳои фаннию илмию бадеӣ, иштироки фаъол дар маҳфилҳои илмиву фаннӣ ва истифодаи мақсадноку дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд.
Қайд шуд, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили донишҷӯён пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд. Дар ин замина, донишҷӯён бояд дар ҷавоб ба ғамхориҳои рӯзафзун ба таҳсилу донишандӯзӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, бо баҳои хубу аъло таҳсил кунанд ва ҳамчун мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ба камол расанд.
Ҳамчунин, ба донишҷӯён ҷиҳати самаранок истифода бурдани вақти холӣ, риояи интизому тартибот, эҳтироми ҳамдигар ва саҳм гузоштан дар нигоҳдории муҳити солиму созгори хобгоҳ тавсияҳои муфид дода шуд.
Дар маҷмуъ, баргузории чунин вохӯриҳо баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги зиндагии дастаҷамъона, масъулиятшиносӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба донишандӯзӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар охир ба муовини ректор оид ба хоҷагидорӣ, масъулини хобгоҳ, раёсату шуъбаю бахшҳои назорати тартиботу амният ва корҳои тарбиявию идеологӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

