Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, ғолиби Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-360701В-и факултети муштараки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Полотск Аҳмадов Нуруллоро, ки дар вазни 60 кг-и чемпионат ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқраи мусобиқа гардид, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ректори донишгоҳ бо донишҷӯ суҳбати самимӣ анҷом дода, ба ӯ ҳамчун донишҷӯи шарафманди донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 17–18 октябри соли 2026 дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни калонсолон бо иштироки ҷудокорони тамоми кишвар ва бо ҷалби ҳаводорони зиёди ин риштаи варзиш баргузор гардид.
Самараи заҳмати пайваста, машқу тамрини мунтазам, иродаи қавӣ ва маҳорати баланди варзишии Нурулло Аҳмадов имкон дод, ки ӯ ба ин пирӯзии арзишманд ноил гардад. Ин дастовард барои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мояи ифтихору сарфарозӣ мебошад.
«Барои ноил гардидан ба ин дастоварди шоёни варзишӣ ба Нурулло Аҳмадов ҷоизаи таъсиснамудаи роҳбарияти донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда мешавад», — ёдовар шуданд ректори донишгоҳ.

