1-уми октябри соли 2026 дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо ҳайати намояндагони Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид.
Ҳайати Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Ерохин Сергей Дмитриевич, муовини проректор оид ба сиёсати ҷавонон ва тарбия Сидоркина Ирина Юрьевна, муовини проректор оид ба таълим Шереметьев Александр Вячеславович ва муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос Кухаренко Александра Михайловна дар вохӯрӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ва рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва технологияҳои рақамӣ, инчунин рушди робототехника ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон, масъалаҳои табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва баргузории чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла конфронсҳои байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди ҳамкориҳои зикршуда метавонад барои табодули таҷрибаи академӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии донишҷӯён ва омӯзгорон, таҳкими иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи муосири рушди технологияҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.
Аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда пешниҳод гардида, омодагӣ барои роҳандозии ташаббусҳои муштараки илмӣ-таълимӣ ва инноватсионӣ баён карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак ҳамкориҳои худро дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн пайваста густариш диҳанд.


