ҒАЛАБАИ ҶУДОКОРИ ДТТ

14.10.2026 дар Маҷмааи варзишии «Яккачинор»-и шаҳри Душанбе даври шаҳрии чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба Ҷудо миёни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дастпарвари Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-360701В, факултети муштараки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Полотск Аҳмадов Нурулло дар мусобиқоти мазкур фаъолона иштирок намуда, дар миёни довталабони зинаҳои ифтихорӣ дар вазни 60 кг сазовори ҷойи 3-юм гардида, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Ин ғалабаи навбатиро барои ў ва донишгоҳи азизамон самимона табрик мегӯем.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 17-18-уми октябри соли ҷорӣ даври ниҳоии мусобиқа дар шаҳри Кӯлоб доир мегардад. Дар ин мусобиқаи бонуфуз ба Аҳмадов Нурулло барору комёрӣ хоҳонем.

Leave a Reply