Иштироки ДТТ дар аксияи экологии «Саҳми ман дар шаҳри ман»

10 октябри соли 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба муносибати 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шоҳроҳи Душанбе–Бохтар ва кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ аксияи экологии «Саҳми ман дар шаҳри ман» баргузор шуд.

Он бо ташаббуси Клуби «Волонтёрони экологӣ»-и назди Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободонии пойтахт ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандон дар самти ҳифзи табиат равона гардид.

Кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо роҳнамоии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ зимни ин иқдоми созанда фаъолона иштирок намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тозагии муҳити зист ва ободонии пойтахт саҳми муносиб гузоштанд.

Иштироки аҳли донишгоҳ дар чунин иқдомҳо бозгӯи эҳтиром ба муҳити зист, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандӣ мебошад. Онҳо бо ифтихор аз сокини Душанбе — пойтахти азизи Тоҷикистон будан, бори дигар собит намуданд, ки ҳифзи табиат, тозагии кӯчаву хиёбонҳо ва ободии шаҳр вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ аст.

Зеро шаҳри зебову тоза ва муҳити солим аз саҳми ҳар як сокини он оғоз меёбад.

Leave a Reply