3-юми октябри соли 2026, дар арафаи Рӯзи омӯзгор, бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои омӯзгорон ва қадршиносӣ аз мақому манзалати аҳли маориф дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Аксияи табрикотӣ зери унвони “Муаллим шарафманди ҳама давру замонҳост” баргузор гардид.
Зимни Аксия омӯзгорони донишгоҳ бо табрикномаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва гулдастаҳои зебо самимона табрику таҳният гуфта шуданд.
Чунин иқдоми нек рамзи эҳтирому садоқат ба касби муқаддаси омӯзгорӣ буда, баёнгари қадршиносии заҳмати омӯзгорон дар тарбия ва ба камол расонидани насли созандаву соҳибмаърифат мебошад.
Рӯзи омӯзгор муборак, устодони азиз!
Бигзор меҳри касб, эҳтироми шогирдон ва самари заҳматҳои созанда ҳамеша ҳамроҳи Шумо бошад!

