ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ

ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ, бо чунин унвон ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Барномаи рангини фарҳангӣ бахшида ба 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ доир намуд.
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби ансабли тарона ва рақси “Зуҳал”- и Донишгоҳ ва ҳунармандони маъруфи Ансамбли фолклорӣ – этнографии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, устодон, кормандон, донишҷӯёни донишгоҳ ва шарҳвандон иштирок намуданд.
Суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ ба сокинону меҳмонони пойтахти азизамон рӯҳияи идона ва фазои фарҳангӣ эҳдо намуд.
Барномаи фарҳангӣ ба тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муаррифии фарҳанги ғании тоҷикона равона гардида, боиси болидахотирии иштирокчиён гардид.
Сокинони Душанбешаҳр бо рӯҳияи болида ва ифтихор аз соҳибдавлатӣ ҳузури маънавӣ гирифтанд.