Дар толори асосии Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Ғалаба чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ доир гардида, ҳозирин аз аҳамияти таърихии Рӯзи Ғалаба ва ҷоннисориҳои фарзандони далери Ватан ёдовар шуданд.
Нахуст чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва идеологӣ Шарифзода И.У ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки 9-уми май ҳамчун рамзи пирӯзии сулҳ бар ҷанг, адолат бар зулм ва матонату шуҷоати халқҳо дар таърихи башарият ҷойгоҳи арзишманд дорад. Таъкид гардид, ки пос доштани хотираи қаҳрамонон ва гиромидошти корнамоиҳои онҳо рисолати муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Сипас, паёми табрикотии ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ аз ҷониби муовини аввали ректор Насриддинзода М.Ш қироат карда шуд. Дар паём аз саҳми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нақши фарзандони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба ёдовар шуда, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ муҳим арзёбӣ гардид. Махсусан баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳи он пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Ҳозирин ҳадафи ин чорабиниро бо суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоснок намуданд, ки он кас фармудаанд: «Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо бояд саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро ба таври зарурӣ омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба ватан ба таври доимӣ ташвиқ намоем».
Дар идомаи чорабинӣ бахши фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ҳунармандони ансабли “Зуҳал”-и Донишгоҳ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона, қироати шеърҳои пурмазмун, саҳначаи тарбиявӣ ва рақси гурӯҳӣ хотири иштирокчиёнро болида намуданд.
Сурудҳои тараннумгари Ватан, сулҳ ва дӯстӣ, инчунин шеърҳои бахшида ба қаҳрамониву ҷонфидоӣ, ҳисси эҳтиром ба таърих ва ифтихори миллиро дар қалби иштирокчиён тақвият бахшиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳифзи сулҳу субот, арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи Ватан ва пос доштани хотираи шаҳидону қаҳрамонон вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд мебошад.
Чорабинӣ бо суруди ҷамъбастӣ бахшида ба Ватан ва сулҳ анҷом ёфта, иштирокчиён бори дигар хотираи шаҳидону қаҳрамонони роҳи озодиро гиромӣ доштанд.

