Имкониятҳои донишгоҳ ва дастовардҳои инноватсионии устодону донишҷӯён дар маросими ҷамъбастии барномаи коромӯзӣ дар доираи лоиҳаи «Тавсеаи имкониятҳои ҷавонон тавассути рушди малакаҳо ва пешбурди инноватсияҳо дар Тоҷикистон», ки бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва TechnoHub Душанбе баргузор гардид, ба маъраз гузошта шуданд. Қобили зикр аст, ки дар доираи ин лоиҳа як сол қабл донишҷӯён ва хатмкардагони донишгоҳ ба барнома сафарбар гардида, соҳиби ҷойи кор шуда, малакаҳои касбии худро такмил доданд.
Донишгоҳ дар ин чорабинии муҳими ҷумҳуриявӣ бо иштироки фаъолона ва муаррифии густурдаи дастовардҳои инноватсионии худ саҳми назаррас гузошт. Дар намоишгоҳ лоиҳаҳои беҳтарини донишҷӯён ва хатмкунандагон, аз ҷумла корҳои марбут ба технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, сатмҳои саноати хӯрокворӣ ва сабук ва роҳҳалҳои амалии масъалаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт муаррифӣ гардиданд. Меҳмонон ва шарикони рушд сатҳи баланди омодагӣ ва қобилияти эҷодкоронаи ҷавононро баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда иброз доштанд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур донишҷӯён ба барномаҳои омӯзишӣ, тренингҳо ва таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, имконият пайдо карданд, ки донишҳои назариявии худро бо таҷрибаи амалӣ пайваст намоянд ва малакаҳои муосири касбиро аз худ кунанд. Дар натиҷа, қисми назарраси иштирокчиён бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, қисми дигар фаъолияти соҳибкории худро оғоз намуданд. Чунин ташаббусҳо дар таҳкими робитаи донишгоҳ бо бозори меҳнат ва баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон аҳамияти муҳим дошта, донишгоҳ минбаъд низ барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ талош хоҳад варзид.

