Бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷии факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Наврӯз – омили ваҳдат ва таҳкими истиқлолияти миллии Тоҷикистон” дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди миллӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон роҳандозӣ шуд.
Дар оғози маҳфил декани факултети менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ муҳтарам Сатторзода Абдурасул Абдуғаффор суханронӣ намуда, аз аҳамияти таърихию фарҳангии Наврӯз ёдовар гардид. Номбурда таъкид дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва рамзи сулҳу дӯстӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории тоҷикон нақши муассир дорад.
Сипас, мудири шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ Абдуламин Маҷнунов дар мавзуи “Наврӯз – ҷашни миллӣ ва мардумӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуд. Ӯ зимни суханронӣ Наврӯзро ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон ва ҷашни умумибашарӣ арзёбӣ карда, ба ҷанбаҳои мардумӣ ва анъанавии он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Дар идома, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Насимбек Қурбонзода бо қироати шеърҳои тозаи худ ба маҳфил ҳусни дигар бахшида, эҳсоси ифтихор аз Ватан ва Наврӯзро дар қалби ҳозирин бедор сохт.
Ҳамчунин, мудири кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ Сабур Носирзода дар мавзуи “Наврӯз – ҷашни бузургдошти табиат ва инсон” суханронӣ намуда, Наврӯзро ҳамчун омили пайванди инсон бо табиат ва рамзи эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ маънидод кард. Ӯ нақши Наврӯзро дар тарбияи маънавии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар навбати худ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишгоҳ Боқизода М.Б. оид ба сиёсати давлатии ҷавонон ва саҳми онҳо дар ҳифзу гиромидошти анъанаҳои миллӣ сухан гуфта, таъкид дошт, ки ҷавонон бояд мероси фарҳангиро пос дошта, дар рушду пешрафти кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Қисмати “Минбари донишҷӯён” низ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён баргузор гардид. Донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-40010103 Нозимшоев Носирҷон ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-1901010202 Одинамаҳмадова Фарида бо маърӯзаҳои ҷолиб ва андешаҳои тозаи худ баромад намуда, доир ба нақши Наврӯз дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа изҳори назар карданд.
Дар фарҷоми маҳфил иштирокчиён аз баргузории чунин чорабинии муҳиму саривақтӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни сулҳу ваҳдат ва рамзи истиқлолият минбаъд низ бояд бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардад.

