Дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани мақоми занон яке аз самтҳои меҳварӣ ба шумор меравад. Ҳукумати мамлакат бо дарки амиқи нақши зан дар рушди устувори ҷомеа, ин қишри фаъоли аҳолиро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, барои рушди имкониятҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии онҳо пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Чунонки дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд: «Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад». Ин нукта бозгӯи он аст, ки масъалаи занон на танҳо як ҷузъи сиёсати иҷтимоӣ, балки яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар идомаи Паём Сарвари давлат ба нақши бонувону занон дар ҳаёти давлату ҷомеа баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем. Ин андеша ифодаи эътирофи мақоми баланди зан ҳамчун неруи созанда ва кафили суботи иҷтимоӣ мебошад.
Ҳамчунин дар Паёми Президенти мамлакат ба масъалаи ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Сарвари давлат таъкид карданд, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ин сиёсати ҳадафманд заминаи ташаккули зани худогоҳ, масъулиятшинос ва фаъолро фароҳам оварда, саҳми занонро дар идоракунии давлатӣ ва рушди ҷомеаи муосир тақвият мебахшад.
Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба нақши калидии зан дар тарбияи фарзандон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таъкид карда зикр намуданд, ки занону бонувони мамлакат бояд барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, инчунин ҳифзи расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд. Ин таъкид нақши занро ҳамчун поягузори тарбия ва кафили пойдории маънавии ҷомеа боз ҳам равшантар менамояд.
Мусаллам аст, ки дар фарҳанги суннатии тоҷик зан ҳамеша ҳамчун чароғи хонадон, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва асосгузори ахлоқу маърифат шинохта шудааст. Аз оғӯши гарми модар на танҳо ҳаёт оғоз меёбад, балки нахустин дарсҳои одамият, инсондӯстӣ, эҳтиром ба илм ва меҳнат маҳз дар муҳити оила ва тавассути тарбияи модар шакл мегиранд. Зан бо сухани нарм, рафтори намунавӣ ва муҳаббати бекарона дар дили фарзанд эҳтиром ба қонун, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ҷой медиҳад ва насли худогоҳ, ватандӯсту масъулиятшиносро ба камол мерасонад.
Ҳифз ва интиқоли фарҳанги миллӣ низ пеш аз ҳама ба заҳмати занон вобаста аст. Расму ойинҳо, суннату анъанаҳои ниёгон, сарфаю сариштакорӣ, одоби муошират ва пӯшидани либоси миллӣ маҳз дар муҳити оила ва бо роҳнамоии модар ба наслҳои оянда интиқол меёбанд. Бесабаб нест, ки дар Паёмашон Пешвои муаззами миллат бо эътимоди комил иброз доштанд, ки: «Занону бонувон дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд». Ин андеша нақши занро ҳамчун посдори арзишҳои миллӣ ва сипари маънавии ҷомеа таъкид намуда, масъулияти онҳоро боз ҳам дар таҳкими сулҳу субот, қонунсолориву қонунпазирӣ, болобурдани худогоҳиву худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи насли солими ҷомеа бештар мегардонад.
Дар ҷомеаи муосир зан на танҳо тарбиятгар, балки тарғибгари маърифат, ҳомии қонун ва омили муҳими рушди иҷтимоӣ мебошад. Зане, ки худ босавод, бофарҳанг ва қонуншинос аст, метавонад фарзандеро ба воя расонад, ки ба ҷомеа нафъ расонда, дар пешрафти давлат саҳми арзанда гузорад. Аз ин рӯ, зан поягузори воқеии тарбия, маърифат ва фарҳанги миллӣ буда, бо ҳикмату заковати худ роҳи фардои равшани миллатро ҳамвор месозад.
Мудири шӯъбаи кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон,
Баҳронова Хушнуда Абдумуминовна

