АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳуҷҷати муҳимест, ки ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мешавад. Дар он Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангии ҷомеъаро барои соли оянда ва давраи минбаъда муайян мекунад. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Зимни ироаи паёми имсола Пешвои муаззами миллат дастовардҳои муҳими кишварро дар як марҳилаи муайян мавриди таҳлил қарор дода, ҳамчунин барои таҳкими фаъолият дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар як фарди кишвар вазифагузорӣ карда шуд. Ҳар як паёми Президенти кишвар ба марҳилаи муайяни рушду инкишоф рабт дошта, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардидаи ояндаи наздик ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар заминаҳои асосноки илмӣ тарҳрезӣ карда мешаванд.
Асосҳои конститутсионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он далолат менамояд, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегирад. Дар моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода шудааст, ки «Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.» Муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар асоси моддаи 69 Конститутсия салоҳияти Президенти кишвар аст. Яъне, паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар заминаи ҳуқуқӣ дошта, он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Аз лиҳози ҳуқуқӣ – конститутсионӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро метавон падидаи мустақили конститутсионӣ арзёбӣ намуд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар радифи суханронии сиёсӣ шакли махсуси амалисозии роҳбарии конститутсионӣ низ мебошад. Тавассути ин санад иртиботи мустақими Сарвари давлат бо Парлумон ва ҷомеъа таъмин шуда, як навъ ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба амал меояд. Дар ин раванд Президент ҳамчун кафили Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баромад намуда, рушди минбаъдаи давлатро дар доираи арзишҳои конститутсионӣ роҳнамоӣ менамояд.
Яке аз мавзуъҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ мебошад, ки дар моддаи 5-и Конститутсия баён карда шудааст. Дар ин санади муҳим масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, дастрасӣ ба маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Инчунин, дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба Маҷлиси Олӣ принсипи таҷзияи ҳокимият ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ки дар моддаи 9-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, инъикос мешавад. Президент зарурати ҳамкории созанда байни шохаҳои ҳокимиятро бо риояи мустақилияти онҳо таъкид менамояд.
Самти иҷтимоии давлат, ки мувофиқи талаботи моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон менамояд, яке аз рукнҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина масъалаҳои таъмини адолати иҷтимоӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, болоравии нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ҳамчун вазифаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карда мешаванд. Ҳамаи ин масъалаҳо заминаи устувори конститутсионӣ дошта, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври муназзам ва ҳамгиро инъикос меёбанд.
Натиҷаи таҳлили паёми Пешвои миллат нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои миллат маҳз беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат қарор дошта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои ҳарсола иброз мегарданд, имкон медиҳад, ки ободии Ватан ва пешрафти давлат таъмин карда шуда, халқи тоҷик ба тамоми ҳадафҳои муайяншуда ноил гардад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими конститутсионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ саҳми он дар рушди давлатдории демократӣ мебошад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини озодии воситаҳои ахбори омма ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идоракунии давлатӣ таъкид менамояд. Ин нуктаҳо бо идеяҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлатро демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намудааст, комилан мувофиқ буда, ба таҳкими фарҳанги конститутсионӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд.
Аз нигоҳи илми ҳуқуқшиносӣ Паёмро метавон ҳамчун шакли ҳуқуқии “ҳуҷҷати стратегӣ” тасниф кард, ки он нақши ҳамоҳангсозӣ байни шохаҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро иҷро намуда, кафолати иҷрои сиёсати ягонаи ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад. Инчунин, Паём ба ҳайси “ҳуҷҷати барномавӣ” амал мекунанд, ки дар он дастурҳои мушаххас барои рушди ҳокимияти давлатӣ ва қабули қонунҳои барои давлату ҷомеа зарур баён мегардад. Муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бахшида шуда, ислоҳоти ҳуқуқиро дар соҳаҳои муҳим минбаъ низ пешбинӣ мекунад. Он на танҳо ироаи натиҷаҳои соли гузашта, вазифаҳо барои соли ҷорӣ, балки барномаи амал барои оянда аст, ки ба ташаккули қонунгузорӣ дар ҳам соҳаҳои хоҷагии халқ рушд мебахшад.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамеша ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ хидмат кардаанд. Дар соли 2025 ин раванд бо қабули қонунҳои нав, тағийру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои амалкунанда зоҳир гардид, ки ба тақвияти ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуданд. Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ на танҳо ифодакунандаи дастурҳо мебошад, балки арзишҳои конститутсиониро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона будани Тоҷикистон, арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ ба халқ, баробарии шаҳрвандон новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, дин, мавқеи иҷтимоӣ, ҳифзи моликияти хусусӣ ва озодии фаъолияти иқтисодиро тақвият мебахшад. Ин раванд идомаи мантиқии ислоҳоти ҳуқуқии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ буда, ба таҳкими ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ ва некўаҳволии мардум мусоидат мекунад.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ падидаи бисёрҷанбаи сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, дорои заминаи мустаҳками конститутсионӣ мебошад. Он ҳамчун воситаи амалисозии ваколатҳои конститутсионии Сарвари давлат, шакли муайянсозии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва омили муҳими таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва демократӣ хизмат менамояд.
Сардори бахши ҳифзи меҳнати ДТТ
Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3,
Тағойназарзода Ф.Ш.

Leave a Reply