Санаи 09.12.2024 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ конфренсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “31 соли пешрафту шукуфоӣ бо ҲХДТ” дар толори асосии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Кумитаи ибтидоии фановарии ҲХДТ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, маориф ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Сараввал, Ҷуракбек Муродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, бо сухани ифтитоҳӣ аҳамияти илмию амалии чорабинӣ ва саҳми ҲХДТ-ро дар таҳкими давлатдории миллӣ ва суботи ҷомеа таъкид намуд.
Сипас, Ширинбекзода Садриддин, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ зимни суханронии хеш оид ба тавсифи фаъолияти идеологӣ, сиёсӣ ва тарғиботии ҳизб нутќ ироа намуда, аз натиҷаҳои назарраси 31 соли фаъолияти созанда ва сиёсати оқилонаи роҳбарияти ҲХДТ ёдовар гардид. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими сулҳу субот ва пешрафти устувори Тоҷикистон дар ин муддат такони ҷиддӣ бахшид.
Зимни суханронии Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ба густариши фаъолияти ҳизбӣ дар пойтахт, васеъ гардидани ҳамкорӣ бо табақаи ҷавонон, занон ва омӯзгорон ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ дахл намуданд. Ҳамчунон, қайд карданд, ки табақаи зиёиёни кишвар ҳамеша пешоҳангон ҳизб ба шумор рафта, дар рушди пойтахт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо саҳми назаррас дошта, манофеъи миллӣ ва рушди бемайлони кишвар дар авлавияти кори ҳизб қарор гирифтаанд.
Дар суханронии хеш Давлаталӣ Давлатзода, собиқ муовини якуми Раиси ҲХДТ ва ходими давлатию ҷамъиятӣ, марҳилаҳои ташаккул, инкишоф ва нақши ҲХДТ дар ҷомеаи Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода, таъкид намуданд, ки ҳизб дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди сиёсиву иҷтимоии кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва татбиқи барномаҳои стратегӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
Ҳусния Исҳоқӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, дар мавзӯи “31 соли пешрафту шукуфоӣ бо ҲХДТ” баромад намуда, аз дастовардҳои бузурги кишвар дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ, саноат ва иҷтимоиёт ёдовар шуд. Вай таъкид намуд, ки сиёсати оқилонаи давлат ва ҲХДТ имконият дод, то Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ мавқеи устувор пайдо намояд.
Зимни суханронии Насридинзода Мирзомиддин Шамсиддин, муовини аввали ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ба нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар омода кардани кадрҳои баландихтисос ва иштироки фаъоли ҷавонон дар татбиқи сиёсати ҳизбӣ равона шуда буд. Донишҷӯён имрӯз ҷузъи муҳими неруи созандаи кишвар буда, бо дастгирии ҲХДТ ба ташаббусҳои илмиву инноватсионӣ рӯ меоранд, ќайд карданд зимни суханронӣ муовини якуми ректори Донишгоҳ.
Ба муносибати 31 солагӣ аз таъсисёбии ҲХДТ шахсоне, ки дар рушди фаъолияти ҳизбӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ саҳми арзанда доштанд, бо медали ҷашнии 30 солагии ҲХДТ, ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ин қадршиносӣ ба заҳмати содиқона, талошҳои маънавӣ ва хизматҳои шоистаи онҳо ба ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Чорабинӣ нишон дод, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли 31 соли фаъолият тавонистааст дар таҳкими сохтори давлатдорӣ, суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи иҷтимоии кишвар нақши муассир бозад. Баргузории чунин ҳамоишҳо дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои маориф, аз ҷумла Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ба рушду таҳкими тафаккури сиёсии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба раванди бунёдкории кишвар мусоидат мекунад. Чорабинӣ бо натиҷаҳои назаррас анҷом ёфта, саҳми ҲХДТ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол бори дигар таъкид гардид.

