ИМКОНИЯТҲОИ БОШУҒЛФАРОГИРИИ ДОНИШҶӮЁН ВА РОҲАНДОЗИИ ПЛАТФОРМАҲОИ РАҚАМӢ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, инчунин ҷалби бештари аҳолии қобили меҳнат ба шуғл, коҳиши бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум санаи 5 декабри соли 2025 бо донишҷӯён-хатмкунандагон вохӯрии намояндагони ширкати Пиксел дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни суханронӣ муовини ректор Ғафоров Ф.М. меҳмононро аз номи ректори Донишгоҳ Раҳмонзода З.Ф. хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди бозори меҳнат, боло бурдани сатҳи касбияти ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғли устувор яке аз самтҳои афзалиятноки Донишгоҳ ба шумор рафта, ҳамкорӣ бо ширкату корхонаҳо ҷиҳати бокортаъминшавии донишҷӯён-хатмкунандагон мунтазам вусъат дода мешавад.
Дар идома муассиси ширкати «Пиксел» Хоҷамуродов Фирдавс иброз намуд, ки омодагии худро ҷиҳати ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи шартномаи мавҷудбудаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон изҳор намуда, барои беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани имконияти бокортаъминшавии донишҷӯён ва хатмкунандагон заминаҳои амалӣ фароҳам оварда мешаванд. Аз ҷумла, ширкат омода аст барои гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ вобастба ба саводнокии рақамӣ ва киберамният, ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ, ҳамчунин пешниҳоди ҷойҳои кори эҳтимолӣ барои хатмкунандагони соҳибистеъдод дар заминаи платформаҳои муосир иқдом намояд.
Сипас, платформаи рақамии hunar.tj муаррифӣ гардида, ба саволҳои донишҷӯён аз ҷониби намояндагони ширкат посухҳо дода шуданд.

Leave a Reply