КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПАРЧАМ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ” ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфренсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзуи “Парчам рамзи соҳибдавлатӣ ва ҳувияти миллӣ” бахшида ба Рӯзи Парчам баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти донишгоҳ, устодон ва ҳайати васеи донишҷӯён иштирок намуданд.
Ибтидо таманиёти ректори Донишгоҳ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ аз ҷониби муовини аввали ректор қироат шуда, ҳозиринро ба муносибати ин Ҷашни муҳимии миллӣ шодбош гуфт. Зикр гардид, ки Парчами миллӣ нишоне аз таърихи давлатдории халқи тоҷик буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон, ки дар байни ҷаҳониён тоҷиконро муаррифӣ менамояд, маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Зеро Парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқу миллатҳои гуногун ва набарду муборизаҳои онҳо баҳри истиқлолу озодӣ шинохта мешавад.
Таъкид карда шуд, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии аҷдодонамон, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои гузаштаю имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат, ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд.
Баъдан дотсент Ҳакимов Ғафурҷон Қосимҷонович дар бораи таърихи таҳаввули парчамдорӣ суханронӣ намуд Мавсуф қайд кард, ки ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию осоиштагии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад.
Пас аз анҷоми конфронси мазкур устодону кормандони донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир барномаи фарҳанги тафреҳии ансамбли “Зуҳал” и Донишгоҳ ба ҳозирин пешкаш гардид.

Leave a Reply