ТАМРИНИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА ИШТИРОКИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2017, №970 “Дар бораи низомномаи мудофиаи ҳудудӣ”, рӯзи 13 ноябри соли 2025 дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тамрини мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳими амниятӣ ҳайати роҳбарият, устодону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерал–лейтенант Саидзода Бобоҷон, бо афсарони эҳтиётӣ мулоқот ороста, аз сатҳи омодабошии онҳо шинос гардид. Зимни суханронӣ ӯ таъкид намуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз мебошад. Ба гуфтаи ӯ, Артиши миллӣ, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, имрӯз ба нерӯи боэътимоду пурқудрати ҳифзи давлату миллат табдил ёфтааст.
Саидзода Бобоҷон афзуд, ки артиши мо таҷассумгари шуҷоату матонат ва садоқати фарзандони Ватан аст, ки барои ҳифзи истиқлолу озодӣ шабу рӯз омодаанд. Ҳар ҷавон бояд аз онҳо ибрат гирад ва масъулияти худро дар назди давлату миллат амиқ эҳсос намояд.
Дар идомаи чорабинӣ Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Дилшод Ғанӣ сухан гуфта, аз баргузории чунин тамринҳои омӯзишӣ истиқбол намуд. Вай таъкид кард, ки ҳифзи Истиқлолият, сулҳу субот ва якпорчагии кишвар аз зиракии сиёсӣ ва ваҳдати шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Номбурда инчунин афзуд, ки ҳар кадоми мо бояд Ватанро мисли хонадони худ дӯст дорем, барои оромиву амнияти он саҳмгузор бошем ва зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳем.
Пас аз анҷоми тамринҳо, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар саҳни асосии Донишгоҳ бо ҳайати устодону профессорон ва кормандон вохӯрӣ ороста, доир ба муҳиммияти омодагии шаҳрвандон ба ҳифзи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ сухан гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки артиши миллӣ ифтихори давлат ва рамзи қудрату шуҷоати фарзандони Тоҷикистон аст. Маҳз бо мавҷудияти чунин нерӯи боэътимод, давлату миллат дар фазои сулҳу оромӣ рушд менамояд. Артиши миллии мо мактаби мардонагӣ, вафодорӣ ва садоқат ба Ватан аст, ки насли ҷавон бояд аз он илҳом бигирад.
Ҳамзамон, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ илова намуд, ки саҳми устодону донишҷӯён дар таҳкими ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон аҳамияти хосса дорад. Имрӯз ҳар яки моро месазад, ки барои рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро дареғ надорем ва Ватанро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем, — таъкид намуд Ректори Донишгоҳ.