Тибқи нақшаи амалигардонии лоиҳаи Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ (OFINU) -и Барномаи Эразмус+-и Иттиҳоди Аврупо дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тайи рӯзҳои 11-17-уми октябри соли ҷорӣ раванди озмоишӣ (пилотӣ)-и модулҳои таълимии дар асоси принсип ва ҳадафҳои таҳсилотии шакли муосири хизматрасонии таълимии донишгоҳӣ таҳияшуда, бо иштироки профессорону омӯзгорони донишгоҳҳои шарикони лоиҳа аз Иттиҳоди Аврупо гузаронида шуда истодааст.
Дар доираи ин раванд дарсҳои моҳиронаи модулҳои таълимӣ аз ҷониби ҳайати академии донишгоҳҳои аъзо аз Аврупо дар гурӯҳҳои таъсисдодашудаи аз ҳисоби донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона, шунавандагони беруна аз корхонаҳои саноатӣ ва омӯзгорони донишгоҳҳо гузаронида шуда истодаанд.
Лозим ба зикр аст, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон раванди озмоиши мустақили ду модули таълимӣ “Технологияи коркарди шир” (модули технологӣ) ва “Интишори академӣ” (модули малакаҳои нарм) ба нақша гирифта шудааст. Раванди мазкур зери роҳбарӣ ва назорати се нафар устодони ботаҷриба аз Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия амалӣ шуда, омӯзгорони донишгоҳҳои аъзои лоиҳа аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ташкилу баргузор намудани дарсҳои назариявию амалӣ ва машғулиятҳои озмоишӣ бо истифода аз асбобу таҷҳизоти аз буҷаи лоиҳа харидорӣ карда шуда саҳм мегузоранд. Инчунин, дарсҳои моҳиронаи гузаронидашуда бо мубодилаи афкору мубоҳисаҳо самаранокии раванди озмоиширо баланд бардошта истодаанд.
Дар доираи курсҳои модули таълимии “Технологияи коркарди шир” донишҷӯёни шакли таълимии Донишгоҳи кушода бо фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ ҶСП “Комбинати шири Душанбе” шиносоӣ пайдо карда, дар раванди озмоиши таъми маҳсулоти тайёри ширӣ иштирок намуданд.
Донишҷӯёну шунавандагон ва кормандону омӯзгорони ин раванд платформаи таълимии аз ҷониби шарикони лоиҳа таҳияшударо истифода мебаранд, ки он дар рушди маҳоратҳои рақамӣ, ҷорӣ намудани хизматрасонии муосири донишгоҳӣ, равандҳои таъмини сифат, алалхусус дар рушди касбии бевоситаи донишҷӯёну шунавандагони беруна ва омӯзгорон муассир аст.
Дар раванди озмоишӣ семинари муштарак бо мақсади таҳлили ҷараёни таълим, арзёбӣ ва такмил додани модулҳои таълимӣ ташкил карда мешавад. Барои ҳар як модул натиҷаи SWOT-таҳлил бо иштироки ҳамаи иштирокчиён гузаронида шуда, камбудиҳо ва имкониятҳо барои беҳтар намудани татбиқи модулҳои лоиҳаи OFINU таҳлил мешаванд. Дар натиҷа, тавсияҳо барои татбиқи ояндаи модулҳои инноватсионӣ таҳия мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки дар курсҳои озмоишӣ шунавандагони беруна – намояндагони корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла кормандони ҶСП “Комбинати шири Душанбе”, ҶДММ “Саодат” ва ҶДММ “Осиё М” ҷалб гардидаанд.

